29 апрели соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва низомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд, вохӯрӣ доир намуд.
Ба иттилои сомонаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мулоқоти мазкур бо мақсади баррасии фаъолияти солонаи Шӯрои донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва низомии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, инчунин бо хабар шудан аз аҳволи донишҷӯён сурат гирифт.
Зимни суханронӣ А. Раҳмонзода муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дод.
Инчунин оид ба ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар бораи эълон намудани “Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” суханронӣ намуд. Мавсуф иброз намуд, ки ин ду пешниҳод аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол гардида буд ва хушбахтона аз ҷониби 153 давлати ҷаҳон якдилона дастгирӣ ёфтанд ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.
Дар рафти суҳбат Сафир роҷеъ ба пешравиҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои охир андешаронӣ карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро оид ба дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон ҷалб намуд.
А. Раҳмонзода оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолшавии созмону гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, сулҳу субот, якпорчагии Ватан ва таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон андешаҳои муфид баён намуд.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси Шӯрои донишҷӯёни Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Ҳусейн Қосим аз фаъолияти солонаи Шӯро гузориш дод. Дар охир пешниҳодҳои судманд аз ҷониби донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аксари онҳо аз ҷониби Сафир дастгирӣ ёфтанд.