Рақиб ва вақти рақобати дуюми Лоиқ Раҷабов дар UFC маълум гардид

Размкори шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов рақобати дуюмашро дар ташкилоти бонуфузи UFC муқобили размкори лаҳистонӣ – Матеуш Ребекӣ анҷом медиҳад.

Рақобати размкорон 24-июн дар UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) баргузор мешавад. Рақиби размкори тоҷик Ребекӣ 17-ғалаба ва 1-бохт дар корномааш дорад. Лоиқ Раҷабов бошад, дар ҳоли ҳозир 17-ғалаба, 4-бохт ва як мусовиро дар корномааш ба қайд гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи кишвар дар набарди аввалаш дар UFC (Ultimate Fighting Championship) пирӯзи ба даст оварда, дар доираи мусобиқоти ин ташкилоти варзишӣ рекорд гузошт. Ӯ дар рақобати аввалинаш дар UFC 11-партоби муваффақ (тейкдаун) анҷом дода буд.