Дар маҷлисгоҳи бинои Шарқи Озод рӯнамоии китоби “Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд” бахшида ба 70 – солагии журналисти варзида, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Бобоҷон Абдулвоҳидов баргузор гардида истодааст.
Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода хабар медиҳад. Дар рӯнамоии ин китоб рӯзноманигорони шинохта, адибон, шоирон, кормандони рӯзномаи “Садои мардум” ва дигар ҳаводорони илму адаб ширкат доранд.
Гуфта шуд, ки Бобоҷон Абдулвоҳидов яке аз хабарнигорони ангуштшуморе буд, ки моҳияту ҳадафҳои шакли думаҷлисаи Маҷлиси Олӣ, сохтори он ва Парламентаризми тоҷикро хуб дарк мекард ва аз ҷараёни фаъолияти он гузоришу мақолаҳоеро бо камоли нуктафаҳмӣ рӯи коғаз меовард.
Дар айни замон дӯстону наздикон ва ҳаммаслакони Бобоҷон Абдулвоҳидов доир ба ҳаёту рӯзгори ӯ ёддоштҳояшонро баён медоранд.