Имрӯз дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даври ноҳиявии фестивал – озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” бо иштироки намояндагон, ҳунармандон ва тарроҳони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Қабл аз оғози фестивал иштирокчиён ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, аз намоишгоҳи ҳунари чакан ва мусаварраҳо, ки аз ҷониби ҳунармандони ноҳия ва рассомону дизайнерони донишкада омода гардида буд, дидан намуданд.
Сипас дар оғози фестивал Саида Нурляминзода муовини раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, зикр кард, ки мақсад аз баргузор намудани фестивали “Сад ранги чакан” дар рӯҳияи зебоипарастӣ, ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон ва эҳёи мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик аст.
Маврид ба зикр аст, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи Мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид карда шуд. Тавре Фирӯз Саидов омӯзгори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мегӯяд, баргузор гардидани ингуна фестивалҳо барои муаррифии либоси миллӣ, ки он як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад, таъсири амиқ мерасонад. Ба таъкиди Фирӯз Саидов имрӯзҳо дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ихтисоси махсусе бо номи “Дизайни костюм ва газвор” амал мекнад, ки барои омода намудани тарроҳони касбӣ дар самти муди либосҳои миллӣ, заминаи мусоид мегузорад.
Шабнам Раҷабова донишҷӯи Колеҷи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Хосият Махсумова зимни суҳбат ба мо гуфт, ки багузории фестивал – озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” барои бедор намудани завқи ҳунармандию тарроҳӣ ва зебоипарастӣ миёни ҷавондухтарон, мусоидат менамояд.
Дар идомаи фестивал барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ иборат аз суруду тарона, намоиши тарҳҳои миллию аврупоии либоси чакан ва рақсҳои дилнишин дар иҷрои хонандагону донишҷӯёни колеҷу донишкада, пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Дар анҷом фестивал аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ҳама ташкилкунандагони чорабинӣ сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”