Имрўз дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» оғоз гардид.
Ёдовар месозем ки санаи 26-30 апрел дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ», инчунин барномаи иттилоотӣ –маърифатӣ таҳти унвони «Истифода дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ – кафили амнияти иттилоотӣ» баргузор мегардад.
Форуми ҷавонон ва барномаи иттилоотӣ –маърифатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 23 май-Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешаванд.
Дар идомаи Форум 27-29 апрел зиёда аз 60 нафар аз ҷавонони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии минтақа ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, онҳоро тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ менамоянд.
Бо назардошти зиёд гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши истифодабарандагони он дар рушди давлату ҷомеа зарурати зиёд намудани чорабиниҳо ҷиҳати фаҳмонидани истифодаи дуруст ва оқилонаи он ба миён омадааст. Дар айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират истифода карда мешаванд, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин паҳн кардани иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фаъолона истифода мешаванд.
Тибқи маълумоти масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи июли соли 2022 дар мамлакат 32 субъекти соҳибкорие, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошад, ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Давоми се моҳи охири соли 2022 аз ҷониби субъектони мазкур 112,4 ҳазор сомонӣ маблағи андоз ба буҷет пардохт карда шудааст.