Ваъзи Афғонистонро вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи он дар Самарқанд баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон (гурӯҳи 6+1), ки 13 апрел дар Самарқанд баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Ҳамзамон дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Эрон, Покистон, Чин, Туркманистон, Узбекистон ва Русия иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии сиёсӣ-низомӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, амниятӣ ва башарии Афғонистонро таҳти муҳокима қарор дода, оид ба роҳҳои расонидани кумаки зарурӣ ба мардуми ин кишвар табодули назар намуданд.

Дар фарҷоми нишаст Баёнияи муштараки вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон қабул гардид.