Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад. Бо ҳамин мақсад имрӯз дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба рӯзи пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ роҳпаймоии осоишта ҷараён гирифт, ки дар он сокинон ва донишҷӯёни риштаҳои гуногуни ДМТ ширкат доштанд.
Дар оғози чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба рӯзи пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, Қобилҷон Хушвахтзода ректори ДМТ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрик ва муборакбод намуд. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки шаҳри Душанбе нафақат пойтахти Тоҷикистон, балки маркази асосии илмию фарҳангӣ, эҷодию иттилоотӣ ва нуърӯи зеҳнӣ ба ҳисоб рафта, он барои тамоми табақаи наслҳо ҳамчун хотираи беҳтарини айёми ҷавонӣ ва пояндагии миллат ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба рӯзи пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, дар шаҳраки донишҷӯн барномаи фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқӣ манзури тамошобинон гардонида шуда, табъи ҳозиринро болида гардонд. Шоира Давлатзода донишҷӯи курси 3 – юми факултаи таърихи ДМТ, шукрона аз он дорад, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ намудаю озодона таҳсил менамояд ва дар боғҳои сабзу хуррами он озодона сайр мекунад.
Маврид ба зикр аст, ҳамасола дар доираи таҷлили рӯзи пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳанги варзишӣ ва озмуну олимпиадаҳо баргузор карда мешавад, ки ин ҳама аз сулҳу осоиштагӣ ва ободонии шаҳри азизамон, Душанбе, дарак медиҳад. Ҳамчунин сол то сол дар тҳудади шаҳр, биною иншоотҳои наву замонавӣ сохта шудаанд, ки ин ҳама ба симои шаҳри Душанбе зебогии дигарро замъ намудаанд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“