ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ҲАМЧУН АВЛАВИЯТИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истифодабарии об дар фарҳанги мардуми тоҷик ҷойгоҳ ва мақоми хосро доро мебошад. Зеро ки бидуни об ҳаёт вуҷуд надорад ва об сарчашмаи зиндагист. Гузаштагони мо ба мафҳум ва муҳтавои он кайҳо боз сарфаҳм рафта буданд ва чандин барномаву нақшаҳо дар усулҳои истифодабарии об ва обтақсимкунӣ доштанд. Масалан, агар ба системаи обёрии даврони Сомониён дар асри даҳ назар адозем, комилан равшан мушоҳида мегардад, ки намунаи интиқоли об шаклу усулҳои хоси худро доро будааст. Инчунин, дар натиҷаи бозёфтҳои бостоншиносӣ низ санъати баланди обёрӣ ё корезӣ ҳам мушоҳида мешавад. Об ҷойгоҳи хос дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии миллат доштаву пайваста ба таври назаррас мавриди корбурд қарор дошт. Вобаста ба ин, истифодаи дипломатияи об дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ҳамон хирад ва таҷрибаи ғании гузаштагони тоҷик аст.

Дипломатияи об дар консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас инъикоси худро ёфтааст. Новобаста аз он, ки Тоҷикистон кишвари болооб аст ва аз ҷиҳати захираҳои обӣ мушкилӣ надорад, вале пайомадҳои номатлуби онро дарк кардааст. Масъалаи обро, ки бисёре аз кишварҳо тули солҳо аз он танқисӣ мекашанд, эҳсос намуда, дар ин ҷода иқдомҳо намуда истодааст. Дар натиҷаи иқдомҳо ва ҷаҳду талошҳои ду даҳсолаи охир дар соҳаи об, Тоҷикистон равиши хоси дипломатияи худро ба вуҷуд овард, ки махсусан дар ин ҷо ташаббусу ибтикороти созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

Бо роҳандозии дипломатияи об ва ба сатҳи рӯзномаи байналмилалӣ баровардани “масъалаи об” дар натиҷаи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи байналмилалӣ аҳаммият ва мубрамияти масъаларо сари вақт дарк намуданд. Зеро имрӯз дар натиҷаи тағйироти иқлим ва афзоиши аҳолӣ ниёзмандӣ ба оби ошомиданӣ дучанд гардида, ташвиши ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Агар ба маниторингҳои институтҳои байналмилалӣ назар адозем, ба мо маълум мегардад, ки рӯз то рӯз талабот ба оби ошомиданӣ зиёд гардида истодааст. Аз норасоии об бемориҳои сироятӣ ва фавт афзоиш ёфта, бавуҷудоии тағйироти иқлим масъалаи мазкурро боз ҳам доғтар мекунад.

Тағйироти иқлим ва мушкилоти ҷиддӣ гардидани масъалаи оби ошомиданӣ бори дигар исботи он аст, ки сиёсати Тоҷикистон дар самти мазкур сиёсати воқеъбинона ва амалгароёна мебошад. Муносибати хунукназарона ба масъалаи об метавонад фоҷиаҳои сангине барои башарият дошта бошад. Зеро тамоми соҳаҳо ниёз ба об доранд, хусусан соҳаи кишоварзӣ, ки соҳаи муҳим дар таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки чанд соли охир ҷомеаи байналмилалӣ талош дорад, то “неруи сабз”-ро ба роҳ монад ва пойдории табиатро ҳифз кунад. Дар ин ҷо бидуни об коре наметавон кард, чунки сарчашмаи амалӣ гардидани ҳар ду об аст. Пас зарурат пеш меояд, ки нисбати мушкилоти мавҷуда кӯшишҳои муштараки байналмилалӣ боз ҳам бештар анҷом дода шавад.

Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили обу иқлим ба имиҷи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ бевосита таъсири мусбат расонид. дипломатияи об шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз диди фарҳангу сиёсат беҳтар муаррифӣ намояд. Вобаста ба масъалаи мазкур ҳар сол номи Тоҷикистон дар сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ қарор мегирад ва кишвари мо ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона бар нафъи башар муаррифӣ мегардад. Маҳз чунин ибтикорот кишварро дар меҳвари ҷаҳон қарор дода, таваҷҷуҳ ба онро дучанд мекунад.

Имрӯз метавон бо сарбаландӣ ва дилпурона изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба маркази дипломатияи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Яъне кишвар ҷойгоҳи шоистаи сиёсии худро дар сатҳи байналмилалӣ пайдо намуд, ки “Раванди оби Душанбе” дар ин масъала далели бидуни баҳс аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023” ба ҷаҳониён паёми худро расонид, ки “биёед дар атрофи об муттаҳид бошем”. Об имкониятест барои ҳамгироӣ, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати фикриву ҳамоҳангии фикрӣ ва ҳамдигарбахшӣ. Ташаббусу ибтикороти созандаи Пешвои миллат тамоми оламро, ки пур аз ихтилоф, моҷаро ва низоъҳост, даври ҳам ҷамъ овард ва нишон дод, ки ҳанӯз ҳам фурсат ва имконияти гуфтугӯ ва муттаҳидӣ дар сатҳи ҷаҳон ҷой дорад. Аз он сабаб, ки “об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност”. Таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳамин аст, ки об ҳамчун нуқтаи пайвандгар байни равобити давлатҳо ва миллатҳо хизмат кунад, зеро об ҳудуду марзро намешиносад. Аз ҳамин лиҳоз, Тоҷикистон талош дорад, кӯшишҳо ва муборизаҳои дастаҷамъонаро на танҳо дар самти об, балки барои дарёфти роҳҳали дигар мушкилоти муосир ва робитаи беғаразу дӯстона миёни кишварҳо низ тақвият ёбанд. “Об-неруи созанда” аст. Яъне сиёсати обии Тоҷикистон дар худ имкониятҳои гоногуни ҳамкорӣ, ҳадафҳои сулҳҷӯёна, ҳамгироӣ ва созандагиро доро мебошад, ки он борҳо исботи худро ёфтааст.

Вақт нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлоли худ масъалаи обро хуб дарк кардаву дар сиёсати хориҷии худ ба он авлавият додааст. Сиёсати обӣ Тоҷикистонро ба қуллаҳои баланд ва пирӯзиҳои дипломатӣ бурда расонид. Бидуни шак, ин аз ояндабинии боэътимоди роҳбарияти кишвар дар самти сиёсати хориҷӣ дарак медиҳад. Ин ҳама дастовардҳо ифтихори умумимиллист барои кулли мардуми тоҷик.

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон