Аз 5-ум то 11-уми апрел дар шаҳри Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи «Е» баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Барои дарёфти роҳхат ба даври навбатии мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпии соли 2024 дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон миёни ҳам мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.
Ғолибони 7-гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд ва дар ин давр 5-дастаи беҳтарини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба мубориза ҳамроҳ мешаванд.