29 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар бо раиси Шӯрои директорони Палатаи савдо ва саноати Умон Шайх Файсал бин Абдуллоҳ Ал-Равос мулоқот намудааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони умонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар, инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.