Рақибони тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2023 муайян гардид

Имрӯз, 30-юми март дар кишвари Тайланд маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуд.

Наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, бо тимҳои Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин рақобат мекунад.

Бояд қайд намоем, ки пас аз натиҷаи Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон 4-дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешаванд.