Бо мақсади иҷрои самараноки банди 11 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”ва ба ин васила рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчӣ бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни аҳолии кишвар, Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон моҳҳои апрел- майи соли равон Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавиро таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор менамояд.
Фестивал дар се давр баргузор гардида, масъулини раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо даври якумро аз 1 то 12 апрели соли 2023 дар сатҳи маҳал (яъне шаҳру ноҳияҳое, ки ансамбли оилавӣ доранд) баргузор намуда, беҳтарин ансамблҳои оилавиро бо мактуби расмӣ ва протокол то 15 апрел ба унвони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.
Даври дуюм аз 17 апрел то 7 май дар маркази минтақаҳои ҷумҳурӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ-эҷодии таъсиснамудаи Вазорати фарҳанг баргузор мешавад.
Даври ниҳоӣ ва барномаи фарҳангии гулчини Фестивал 15 майи соли 2023 бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мешавад.
Ба даври ниҳоӣ аз ҳар минтақа ба таври зерин ансамблҳо пешниҳод карда мешаванд:
– Вилояти Суғд – 2 ансамбли оилавӣ (аз рӯйи 4 бахш);
– Вилояти Хатлон – 2 ансамбли оилавӣ (аз рӯйи 4 бахш);
– Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 2 ансамбли оилавӣ (аз рӯйи 3 бахш);
– Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2 ансамбли оилавӣ (аз рӯйи 3 бахш).
Дар маҷмӯъ, 8 ансамбли оилавӣ (аз рӯйи 14 бахш) роҳхат мегиранд.
Талаботи иштрок дар Фестивал:
– Барномаи Фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои оилавиро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, расму ойин, Истиқлолу озодӣ, дӯстию Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро фаро мегирад.
– Дар Фестивал ансамблҳои оилавие, ки аз тарафи раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанг ба қайд гирифта шудаанд, иштирок карда метавонанд.
– Ҳайати ансамблҳо набояд аз 20 нафар зиёд бошад.
Бахшҳои фестивал бо назардошти вақти муайян чунин тақсимбандӣ шудааст:
1. Намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ;
2. Навозиши умумӣ (классикӣ, халқӣ, академӣ, эстрадӣ) – то 4 дақиқа;
3. Суруди якка (Модар-Ватан, ишқу муҳаббат, сулҳу дӯстӣ) – то 4 дақиқа;
4. Бадеҳа ё лапар – то 5 дақиқа;
5. Намоиши либосҳои миллӣ (маҳсули дасти кадбонуҳои оила) – то 7 дақиқа;
6. Навозиши якка (дар созҳои миллии мусиқӣ) – то 3 дақиқа;
7. Рақси якка – то 3 дақиқа;
8. Саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ, монолог (мавзуъҳои мубрами ҷомеа, масъалаҳои оилавӣ) – то 10 дақиқа;
9. Суруди анъанавӣ (сартарошон, арӯсбиёрон ва дигар расму оини мардумӣ) – то 15 дақиқа;
Суруди умумӣ (Тоҷикистон, Ваҳдат, Истиқлолият, Пешвои миллат) – то 6 дақиқа.
Иштирокчиён бо Дипломи лауреати Фестивал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.
Ҳайати корию эҷодӣ аз ҳисоби роҳбарияту кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанг ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳа таъсис дода мешавад. Интихоби гурӯҳи корӣ-эҷодӣ барои даври аввал ба салоҳияти сохторҳои вилоятӣ вогузор аст.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 34, тамос: (837) 2230472, 985551150. rrmfvhm@inbox.ru