29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Гулистон бинои Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 4 ба номи “Баҳор”-ро ифтитоҳ намуданд.
Бинои кӯдакистони “Баҳор” дуошёна буда, баъди таъмиру навсозӣ дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода шуд. Иншооти нави соҳаи маориф бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат навсозӣ гардидааст.
Бинои нав дорои маркази гармидиҳӣ мебошад, ки дар фасли зимистон гармии дохили иншоот тавассути он таъмин карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки кӯдакистони “Баҳор” барои ба таҳсили томактабӣ ва таълиму тарбия фаро гирифтани 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи томактабӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази рассомӣ, толори мусиқӣ, рақс, забономузӣ ва ҳуҷраҳои корию фароғатӣ ва тиббӣ иборат мебошад.
Дар кӯдакистони “Баҳор”-и шаҳри Гулистон таҳсил бо забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Раванди омӯзиши барномаи томактабӣ ба кӯдакон тавассути технологияи муосир сурат мегирад. Бо назардошти шароити муосири таълим, ки бо истифода аз тахтаҳои электронӣ амалӣ карда мешавад, дар маҷмуъ 8 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар оянда бо истифода аз имконоти фароҳамшуда дар кӯдакистон омӯзиши забони англисӣ низ ба роҳ монда мешавад.
Бо ба фаъолият шуруъ кардани кӯдакистони “Баҳор” дар шаҳри Гулистон 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд, ки бештар аз 10 нафари онҳоро мураббиён ташкил медиҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити дар кӯдакистон муҳайё гардида шинос шуда, кормандони соҳаи маорифро барои таълиму тарбияи дурусти кӯдакон ва дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят карданд.
Мавриди тазаккур аст, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани кӯдакистони “Баҳор” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 11 адад расид, ки аз ин яктои он хусусӣ мебошад. Сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр қариб 40 фоизро ташкил медиҳад, ки ин раванд дар оянда бо бунёди кӯдакистонҳои нав афзоиш дода мешавад.
Дар саҳни бинои кӯдакистон ду айвони замонавӣ сохта шудааст, ки барои истироҳату фароғати кӯдакон муносиб мебошанд. Кӯдакон метавонанд фориғ аз машғулиятҳо дар чунин шароити фароҳамгардида истироҳат намоянд. Ҳамзамон таҷҳизоти дилхушии кӯдаконаи замонавӣ насб гардидааст.
Дар шаҳри Гулистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ҷиҳати ҳарчи бештар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуда, дар оянда кӯдакистонҳои наву замонавӣ бунёд карда мешавад. Шароити мусоиди фароҳамгардида, ки ба стандартҳои замони ҳозира мутобиқ мебошад, имкон медиҳад, ки кӯдакон шуруъ аз даврони якуми таҳсил бо бартариҳо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Бо ин роҳ метавон сатҳи тафаккур, саводнокӣ ва дараҷаи забономӯзии насли наврасро баланд бардошт.