Ҳамаи иштирокчиёни даври ¼ финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо муайян гардиданд

Дар доираи бозиҳои ҷавобии даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо дар ҳафтаи равон дастаҳои «Порту» бо «Интер», «Манчестер Сити» бо «Лейпсиг», «Наполи» бо «Айнтрахт» ва «Реал Мадрид» бо «Ливерпул» рақобат намуданд.

Дар доираи ин рақобатҳо дастаҳои «Порту» ва «Интер» як бозии дилгиркунандаи бидуни гол анҷом доданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Драгау»-и шаҳри Портуи Португалия баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима ёфт.

Ҳамин тавр, бо тафовути як гол дар бозии аввали дастаҳо бошгоҳи «Интер»-и шаҳри Милан ба даври ¼ финали мусобиқа роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо дар Милан бо ҳисоби минималии 1:0 бар суди мизбонон сурат гирифта буд. Ногуфта намонад, ки «Интер» баъд аз 12-сол дигарбора дар даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо ҳунарнамоӣ мекунад. Охирин маротиба дастаи шаҳри Милан соли 2011 дар ин марҳила нерӯсанҷӣ карда буд.

Бозии дигар миёни дастаҳои «Манчестер Сити» ва «Лейптсиг» баргузор шуд, ки шогирдони Хосеп Гвардиола дар ин рақобат, дарвозаи меҳмононро голборон карданд.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и шаҳри Манчестери Англия доир шуда, бо ҳисоби калони 7:0 бар суди мизбонон хотима ёфт.

Голҳоро дар ин вохӯрӣ Эрлинг Ҳолланд 5-маротиба, Гюндоган ва Кевин де Брюйне як маротибагӣ ба самар расониданд.

Эрлинг Ҳолланд қаҳрамони асосси ин вохӯрӣ дониста шуд, зеро ки ҳамлагари норвегии «шаҳриҳо» дар давоми 57-дақиқаи бозӣ ба задани 5 гол даст ёфта, ба номаш пента-трикро рақам зад. Бояд қайд намоем, ки дар таърихи Лигаи Чемпионҳои Аврупо ин натиҷаро се нафар ба қайд гирифтааст. Лионел Месси 7-марти соли 2012 муқобили «Байер», Луис Адриано 21-октябри соли 2014 ба дарвозаи «Батэ» ва Эрлинг Ҳолланд 15-марти соли 2023 ба дарвозаи» Лейпсиг».

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо дар майдони «Лейптсиг» бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфта буд. Ҳамин тавр, дастпарварони Гвардиола бо ҳисоби умумии 8:1 муқобили «Лейптсиг» пирӯз гардида, ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар доираи бозиҳои дигари марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳои Аврупо дастаҳои «Реал Мадрид» ва «Ливерпул» ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» -и шаҳри Мадрид доир шуда, бо ҳисоби минималии 1:0 бар суди мизбонон хотима ёфт.

Ягона голро дар дар ин вохӯрӣ Карим Бензема ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо дар «Ливерпул» бо ҳисоби бузурги 5:2 бар нафъи шогирдони Карло Анчелотти анҷом ёфта буд. Ҳамин тавр, дастпарварони Анчелотти бо ҳисоби умумии 6:2 муқобили «Ливерпул» дастболо шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бошгоҳи «Наполи» бошад дар ин марҳила дарвозаи «Айнтрахт»-ро голборон кард ва охирин роҳхати даври 1/4 финалии Лигаи чемпионҳоро соҳиб шуд. Ҳамин тариқ ҳамаи бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо ба анҷом расиданд.

Бояд бигӯем, ки 8-даста муборизаро дар даври ¼ ниҳоӣ идома медиҳанд. Дастаҳои «Милан», «Интер», «Наполи», «Челси», «Манчестер Сити», «Реал Мадрид», «Бавария» ва «Бенфика» ба даври навбатӣ роҳхат гимрифтанд.