Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва ҷаҳон маводи зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 16 март мақолаи Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро дар мавриди нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати хориҷии кишвар чоп кардааст. Муаллиф дар ин замина навиштааст, ки воқеан, заминаи назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо муҳтавои амалгарона ва воқеъбинона, ки ҳадафу самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллиро муайян мекунад, маҳз тавассути истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфтааст.
Ба гуфтаи муаллиф, айни замон Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъсис ёфтанд, ки теъдодашон имрӯз 39 ададро ташкил медиҳад, ҳамзамон дар зиёда аз 20 кишвар сафирони ғайримуқим таъйин гардиданд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ба нашри матлабе хабар додааст, ки тайи як соли охир фаъолияти “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар минтақаи Суғд ба таври назаррас рушд кардааст.
Убайдуллохон Обидов раҳбари бахши “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар минтақаи Суғд ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки бо муътадилшавии вазъи сиёсӣ дар минтақа ва эҳёи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, хоссатан кишварҳои Осиёи Миёна ва Россия, дар фаъолияти кории “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ, як таконе эҳсос мешавад, ки далели он рушди фаъолияти соҳа тайи солҳои охир дониста мешавад.
Дар ин замина мавсуф таъкид кардааст, ки 15 сол қабл содироти ҳама номгӯйи молу маҳсулот аз минтақаи суғдии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳамагӣ 200 – 250 ҳазор тоннаро ташкил медод, ҳоло ин рақам танҳо дар соли 2022 наздик ба 800 ҳазор тонна расид, ки ин баландтарин дастовард дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 15 март аз натиҷаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон гузориши муфассал чоп карда навиштааст, ки дар ин ҷаласа 25 масъала, аз ҷонибдории лоиҳаи қонунҳо то ҳисоботи Прокурори генералӣ баррасӣ шуд.
Дар ин ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ аз ҷумла, Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар бораи фаъолияти ин мақомот дар соли 2022 ҳисобот дод.
Юсуф Раҳмон дар гузориши худ гуфт, ки соли гузашта риоя ва иҷрои қонунгузории кишвар дар вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳо зиёда аз 6500 маротиба санҷида шуда, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда тақрибан 100 ҳазор санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 183 ҳазор шаҳрванд ҳифз гардид.
Ба гуфтаи вай, дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ зарари ба давлат ва шаҳрвандон расонидашуда зиёда аз 1,5 млрд. сомонӣ муайян шуда, аз он 995,9 миллион сомонӣ барқарор гардид, ки 392 миллион сомонии он ба буҷети давлат ворид шуд. Ҳамчунин, 3897 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки аз он 1091 адад оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта мебошанд.
Дар баробари ин дар соли 2022 ба 1520 қарорҳои ғайриқонунии раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла оид ба замин 1233 эътироз оварда шуд, ки аз он ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 442 адад, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 424, вилояти Суғд — 409 ва ВМКБ 191 адад рост меояд.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумораи худ хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ лоиҳаи Созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба маблағи 37,8 млн. долларро тасвиб карданд. Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки маблағи умумии лоиҳа 37,8 млн. доллар аст, ки он аз ҳисоби Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ мегардад. Аз ин маблағ 31,1 млн. доллар грант ва 6,7 млн. доллар қарз буда, саҳми Ҳукумати Тоҷикистон 5,9 млн. доллар мебошад, ки он тавассути пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ амалӣ мешавад.
Қаҳҳорзода дар ин замина таъкид кард, ки дар доираи ин лоиҳа сатҳи зиндагии тақрибан 100 ҳазор хонаводаи камбизоат дар 400 деҳаи шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Бохтар, Кӯшониён, Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Хуросон, Кӯлоб, Панҷ, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Вахш, Восеъ, Ёвон, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Мастчоҳ ва Зафаробод тадриҷан беҳтар гардида, татбиқи лоиҳа то соли 2030 пешбинӣ шудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 15 март бо нашри мақолае аз вазъи ногувори Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ба шиддат интиқод кардааст. Ин мақола “Боғи ҳайвонот дар Душанбе. Тамошо меравем ё шашликхӯрӣ?” номгузорӣ шуда, муаллиф менавсиад, ки чанд рӯз пеш ҳамроҳи наворбардори Pressa.tj ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе омадем. Боғеро, ки таърихи беш аз 60-солаи фаъолият дорад, як макони харобазор дарёфтем.
Ба гуфтаи муаллиф, вақте вориди Боғи ҳайвонот мешавед, аз он ягон нишоне боқӣ намонда, танҳо садои бозиҳои кӯдакона ва дуди ғализи хӯрокҳо ба осмон мерасад. Шароит ва нигоҳубини ҳайвонот ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Охир, мардум барои тамошои ҳайвонҳо меоянд-ку! Ё танҳо ба хотири нишастан ба атраксиону шашликхӯрӣ? – савол гузоштааст дар хулоса муаллиф.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар бахши дигаре аз ин шумораи хеш, матлаби дигаре аз қавли домулло Ҷамолиддин Хомушӣ навиштааст, ки Ислом ба Наврӯз мухолифат надорад.
Ба гуфтаи домулло Хомушӣ Наврӯз ба унвони як ҷашни миллӣ ҷойи мазаммат ва манъ надорад, чаро ки асли Наврӯз ба нишоне аз ойинҳои ботил набуда, танҳо иди истиқболи баҳор ва баробар шудани шабу рӯз аст. Ҷамолиддин Хомушӣ таъкид кардааст, ки ҷашни Наврӯз як ҷузъи фарзанги миллии мост ва бо идҳои мусалмонӣ ҳеҷ ихтилофе надорад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 16 март бо нашри матлабе масъалаи ҷуброни хисорот аз офатҳои табиӣ баро аҳолии кишварро баррасӣ кардааст. Нашрия аз қавли Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда навиштааст, ки аз соли 2011 бад-ин сӯ маблағи кумаки молӣ барои таъмири хонаи қисман харобшуда 600 сомонӣ, барои хонаи пурра тахрибшуда 1500 сомонӣ ва инчунин 3000 сомонӣ қарзи имтиёзнок барои зарардидагон аз офтаҳои табиӣ дар кишвар пардохт мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муаллиф аз соли 2019 то 2022 ҳаҷми хисорот аз офатҳои табиӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна 5 млн. доллар аст. Ҳамзамон муаллиф менависад, ки маблағи Барномаи давлатии ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ барои солҳои 2023-2028 ҳамагӣ 19 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”