Баъд аз иштироки ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи «GRAND SLAM TOSHKENT-2023 ва ҷамъомади тамринии байналмилалӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тими мунтахаби ҷудои кишвар дар шаҳри Душанбе ҷамъомади тамриниро идома дода истодаанд.
Дар ин ҷамъомади тамринӣ беш аз 50-варзишгаре, ки дар Чемпионати Тоҷикистон дар панҷгонаи беҳтаринҳо ҷойгир буданд, даъват карда шуданд.
Тамринҳо аз 15-ум то 25-уми март дар Қасри варзиши шаҳри Душанбе доир мегардад. Тамринҳоро мутахассиси ҷопонӣ Тамура Торӣ ва мураббиёни тоҷик Муҳаммад Абдураҳмонов, Суҳроб Абдураҳмонов мегузаронанд.
Мақсад аз ин машқҳои дастаҷамъӣ омодагии дастаи мунтахаб ба Гранд Слами Анталия, мусобиқаҳо дар Хабаровск ва Москваи Федератсияи Россия ва Чемпионати ҷаҳон дар Доҳаи Қатар мебошад.