Дастаи «Ҳосилот» ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2023 гардид

Рӯзи 15-март дар шаҳри Гулистон рақобат барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои лигаи олии кишвар доир шуд.

Дар бозии финалӣ дастаҳои «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» дидор анҷом доданд. Вақти асосии бозӣ бо натиҷаи 1:1 ба анҷом расид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 25-ум рақобат ҳимоятгари «Хуҷанд» Тони Бикатал кушод. Дар лаҳзаҳои охири нерӯсанҷӣ Наврӯз Рустамов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра (пеналтӣ) ҳисобро баробар кард. Ғолиб аз рӯи зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) муайян карда шуд, ки дар натиҷа футболбозони «Ҳосилот» бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Медалҳои биринҷии мусобиқа насиби бозингарони «Эсхата»-и Хуҷанд гардид, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:0 ноком карданд.