БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

15 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

 Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 26 масъала, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қонунҳои амалкунанда, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Саидзода Маҳмадисо ва Қуватзода Турон, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардани Ҷалилзода Хусрав ва  додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффорро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва номгузорӣ намудани он» ва оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» мавриди муҳокима қарор гирифта, барои баррасӣ ба иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардиданд.

Дар фарҷом аъзои Шӯро лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва ҳамзамон аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология бозхонд намудани ӯро баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.