Барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Ҷоми Осиё-2023 ба анҷом расид

Рӯзи 8-март дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ дар чаҳоргонаи «С» баргузор гардид.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар ин давр бо пешсафи гурӯҳ – тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат намуд. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 0:0 ба поён расид.

Дар бозии имрӯза ба ҷавононамон барору музаффарият таманно дорем!

Ҳамин тариқ тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» 4-имтиёз ба даст оварда, дар ҷойи сеюм қарор гирифт ва аз идомаи сабқатҳо дар Ҷоми Осиё-2023 бенасиб монд.