Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар расонидааст, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон муддати чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма, резиши санг ва сел боқӣ мемонад.
Дар ҳамин итибот Кумита аз сокинон хоҳиш кардааст, ки эҳтиёткор бошанд ва дар чунин рӯзҳои ҳассос аз рафтан шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайра худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин аз ронандагон даъват кардааст, ки пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввал дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои муътамад, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, БДА маълумот ба даст орнад. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятро риоя кунанд.
Дар ҳолати рух додани ин ё он ҳодисаи фавқулода бо телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19 муроҷиат намоед.