Оғози Конфронси «Шарикии тиҷорат ва сармоягузории Россия ва Тоҷикистон»

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ таҳти унвони «Шарикии тиҷорат ва сармоягузории Россия ва Тоҷикистон» оғоз гардид, ки дар он доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ду кишвар табодули афкор ва таҷриба карда, дар назар аст, ки ҳамкориҳои нави тиҷоратӣ ва сармоягузориро ба роҳ монанд.

Тавре хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Наҷибуллои Ҳомидҷон аз ҷараёни ин Конфронс хабар медиҳад, ҳамчунин дар он Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин иштирок дорад. Гуфта мешавад, Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ таҳти унвони «Шарикии тиҷорат ва сармоягузории Россия ва Тоҷикистон» бо мақсади рушду тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Россия такони тоза хоҳад бахшид.

Дар назар аст, ки пас аз хатми қисмати ифтитоҳии Конфронси мазкур нишастҳои панелии он дар бахшҳои ҳамкориҳои саноатӣ, энергетика, экология, нақлиёту логистика, ҳамчунин дар бахшҳои илму маориф ва гуманитарӣ баргузор хоҳад шуд.

Конфронс ду руз давом намуда, мебояд дар натиҷаи он ҳудуди 20 санади ҳамкорӣ миёни намояндагони ду кишвар ба имзо бирасанд.