28 феврали соли 2023 дар ҳошияи Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия мулоқоти дуҷонибаи ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва бо шумули Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода бо Муовини вазири иқтисоди Словакия Питер Шветс баргузор гардидааст.
Тавре сафорати Тоҷикистон барои Австрия, Венгрия, Норвегия, Румия ва Славакия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Словакияро муҳокима намуда, омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба фаъолияти ҳамкории соҳибкорони ҳарду кишвар баён карданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ намояндаи кишвар ба ҳамтои худ маълумоти мухтасарро дар бораи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар самтҳои гуногун, алалхусус обу энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ пешниҳод кард.