Асри XXI дар баробари инсониятро соҳиби технология ва мошинаҳои гуногун гардонидан, инчунин вабоҳои зиёдеро низ ба бор овард. Яке аз вабои асри XXI ин мубталошавӣ ба вобастагии интернетӣ мебошад. Аксар вақт бо ин бемории аср кӯдакон ва наврасон мубтало мешаванд, ки мушкилотҳои оилавӣ, стрессорҳо ба кӯдак таваҷҷуҳи нокифояи оила ва инчунин аз ҳад зиёд муҳофизат кардани кӯдак аз ҷониби волидайн сабаб мегардад. Вобастагии интернетӣ на танҳо ба вазъи равонӣ, инчунин ба саломатии ҷисмонии кӯдак низ таъсири манфӣ мерасонад.
Соли 2013 кормандони Фонди рушди интернет ва факултети психологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов таҳқиқотеро ба анҷом расониданд, ки чунин натиҷа дод:
• 54%-и мактаббачагони пурсидашуда дар як шабонарӯз беш аз 6-8 соат бемақсад дар интернет «саргардон» мешаванд ва барои ҳар чоруми онҳо ба як одат табдил ёфтааст;
• дар 52%-и пурсидашудагон аломатҳои бепарвоӣ ва афсурдагӣ аз сабаби муваққатан набудани интернет мушоҳида карда шуд;
• 43%-и наврасон кӯшиш мекунанд, ки вақти худро дар интернет назорат карда ба низом дароранд.
Равоншиносонии як қатор кишварҳо, ба монанди Австралия, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон, Италия ва Кореяи Ҷанубӣ вобастагӣ ба интернетро расман ҳамчун беморӣ эътироф намудаанд. Гарчанде ки бисёре аз равонпизишкон аз эътироф кардани вобастагии интернет ҳамчун як бемории руҳӣ худдорӣ мекунанд, дар моҳи майи соли 2019 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) вобастагии бозиҳои интернетиро ҳамчун шакли беморӣ таҷдиди назар ва нашр кард.
Таҳаввулоти рақамию хабарии солҳои 70-уми асри XX бавуҷудомада барои пайдоиши шабакаи ҷаҳонии интернет сабаб гашт. Ин шабака то ба ҳадде воситаи мубодилаи ахбор гашт, ки инсоният ҳатто фикрашро надошт.
Дар айни замон рақамикунонӣ қариб дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон истифода бурда мешавад. Ин таҷрибаи наву замонавие, ки фаъолияти инсонро осону бароҳат кардааст, дар баробари фоида, инчунин хатарҳои зиёдеро низ ба миён гузоштааст. Аксарияти донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ низ дар ин масъала бонги хатар мезананд.
Дар ин мақола аз таҳқиқотҳои як қатор олимон мисолҳоеро меорем, ки муносибати шуморо ба истифодаи бемаҳдуди интернет ва гаджетҳо тағйир медиҳад.
Соли 2001-ум аввалин смартфонҳо ба истифода баромада, босуръат паҳн гардиданд ва ҳеҷ кас тасаввур намекард, баъди чанд сол онҳо чӣ нақшро барои инсон хоҳанд бозид. Ҳол он ки дар замони муосир бе смартфон фаъолияти комили инсонро тасаввур кардан мушкил аст.
Ҳаҷми маводҳои рақамӣ ҳар ду сол ду маротиба зиёд шуда истодаанд. Ташкилоти байналмилалии таҳқиқотии консалтингии IDC муайян намуд, ки аз соли 2001 то соли 2020 ҳаҷми ахбороти рақамӣ то 40 маротиба, баъдан то 50 маротиба ва ҳоло 55 маротиба афзоиш ёфтааст. Инҳо маълумотҳои абстрактӣ нестанд. Инҳо маълумотҳое мебошанд, ки мо истифода мебарем.
Мо дар як моҳ 1,5 триллион паёмакҳои Вотсапп ва 8,5 триллион мактубҳои электрониро равон мекунем. Ҳар рӯз мо 25 миллиард контентҳоро фақад дар Фейсбук аз назар мегузаронем, ҳол он ки оид ба Инстаграм ва дигар сайтҳои машҳур ҳоло сухан нагуфтааем.
Барои чӣ ин қадар ахбороти рақамӣ барои мо муҳим гашт?
Маълум мешавад, ахборот барои мағзи сари мо чӣ хеле, ки калория барои организми мо лозим аст, заруру муҳим ба шумор меравад. Агар аз меъёр зиёд қабул намудани калорияҳо ҷисми моро ба фарбеҳшавӣ оварда расонанд, ҳамин гуна мағзи сари моро ҳам «фарбеҳшавии рақамӣ» аз қабули ахбороти зиёди рақамӣ интизор аст.
Тасаввур кунед, ки дар рӯйи экрани компютер ё телефони шумо аз як тараф саҳифаи таҳқиқоӣ-илмӣ истодааст, аз тарафи дигар саҳифаи инстаграми ягон шахси машҳур. Акнун бигӯед, агар камтар вақти зиёдатӣ медоштед, кадомашро аз назар мегузаронед? Тахмин кардан мумкин аст, ки аксарият саҳифаи инстаграмро аз назар мегузарониданд ва маънои онро надорад, ки шумо шахси сустиродаед. Сохтори мағзи сари мо ҳамин хел ҳаст, ки то ҳадди имкон энергияашро захира менамояд. Аз вазни умумии бадани мо ҳамагӣ 2 %-ро мағзи сар ташкил медиҳад, аммо 20-25 % -и энергияи умумии организмро танҳо мағзи сар сарф мекунад. Барои ҳамин ҳам мағзи сари мо ҳамеша кӯшиш менамояд, то аз сарбориҳои зиёдатӣ худро дур намояд.
Акнун биёед бо ҳам фикр мекунем.
Реклама-ин муҳаррики фаъолияти соҳибкорист. Аксарияти моликони контентҳо, сайтҳои машҳур, ютубканалҳо ягона мақсадашон ин аст, ки шумораи зиёди одамонро ба ахбороти рақамии худ ҷалб намуда, маблағи калон ба даст оранд. Ин ҳолат сабаб мегардад, ки дар байни созандагони контентҳо ва ютубканалҳо рақобати калон пайдо шуда, рӯз ба рӯз контентҳое боз ҳам ҷаззобу афсункунандаро ба истифода диҳанд. Муттаасифона, истифодабарандагон ҳамон контентеро интихоб мекунанд, ки мағзи сарро азият намедиҳанд, яъне барои қабули ахбороти рақамии ин контентҳо мағзи сар энергия сарф намекунад.
Дар ҳоли ҳозир миллионҳо контентҳои нав ба нав пайдо шуда истодаанд, ки истифодабарандагони зиёд ҳам доранд ва ин барои психикаи мо бетаъсир нахоҳад монд. Аксарият инро ҳамчун таҳаввулоти босуръати технологияи нав мешуморанд ва чунин ақида доранд: «ба ҷойи насли замони гузашта, насли замонавӣ бо технологияи замонавӣ пайдо шуд». Аммо, мутаасифона, далел ва рақамҳо тарафи дигари ин назарҳоро нишон медиҳад.
Гурӯҳи муҳаққиқон бо сардории проффесор Кюнг Хи Ким 300 ҳазор кӯдаконро бо истифода аз тести муайяннамоии тафаккури эҷодии Элис Торренс аз санҷиш гузарониданд ва ба хулосае омаданд, ки дар миёнаҳои соли 1980 сатҳи тафаккури эҷодии кӯдакон рӯ ба болоравӣ кард. Аз соли 1980 то 1990 бо паҳн гардидан телевизионҳои кабели дар ИМА тафаккури эҷодии кӯдакон муътадил гашта, баъди соли 1990 рӯ ба пастравӣ овард.
Шуруъ аз соли 2007 дар 85 %-и кӯдакон пастшавии тафаккури эҷодӣ дар муқоиса бо кӯдакони солҳои 1980 мушоҳида карда шуд, ки сабабгорашро дар истифода қарор гирифтани смартфонҳои аввалин меҳисобанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки шабакаҳои нейронии муайянкунандаи қобилияти зиндагӣ кардани мағзи сар то 25-солагӣ инкишоф меёбанд. Яъне, то 25- солагӣ нейронҳои ҳаётан муҳиму зарурии мағзи сар бо ҳам пайваст мешаванд, ки ин минбаъд то охири ҳаёт фаъолияти ақлии моро таъмин менамоянд.
Агар мо оид ба инкишофи муътадили кӯдак дар ҷамъият сухан гӯем, боз ҳам ташвишовартар ба назар мерасад.
Дар соли 2016 аз ҷониби кормандони Лабораторияи Касперский натиҷаҳои бештар нигаронкунанда ба даст оварда шуданд. Маълум шуд, ки наврасони рус аз ҷиҳати вобастагии интернетӣ ҳама рекордҳоро шикастанд, яъне 56% нисбати 51% дар ИМА ва 40% дар Аврупо.
Ин маънои онро дорад, ки волидайн гаджетҳоро ба сифати парастор (няня)-и фарзандон истифода бурда, вақти худро барои боз ҳам бисёртар дар шабакаҳои интернетӣ будан, сарфа мекунем. Яъне кӯдак барои инкишофи психикӣ ба ҷамъият ё шахсони ӯро иҳотакарда муроҷиат намекунад, ки ин барои инкишофи пурраи психикии онҳо хатари ҷиддӣ дорад. 85 %- кӯдакони аз 4 то 14-сола бе гаджетҳо қариб, ки кореро иҷро карда наметавонанд. 95 %-и волидайни кӯдакони 4-6-сола худашон кӯдаконро истифодаи гаджетҳоро ёд медиҳанд. Ба ақидаи онҳо ин барои таълим ва инкишофи кӯдак хело зарур аст. Дар натиҷа 31 %- и волидайни кӯдакони 6-14-сола мушкилоти ҷиддии ихтилофи байниҳамдигарӣ барои истифодаи гаджетҳо доранд. Аз ин ҷойи гурез нест, чунки 41 %- и кӯдакони синни хурди мактабӣ, аллакай саҳифаҳои худро дар шабакаҳои интернетӣ доранд ва дар синни калони мактабӣ ин нишондод 95 %-ро ташкил медиҳад.
Аз ин бармеояд, мағзи сари мо ба ҷойи он, ки дар муҳити табиӣ инкишоф ёбад, баракс дар муҳити ахбороти рақамӣ ва шабакаҳои интернетӣ инкишоф ёфта, барои инкишофи муътадили нейронҳои мағзи сар монеа эҷод мекунад. Ин мушкилот сатҳи ҷаҳониро касб кардааст ва асарияти олимон хомӯш нишастанро авлотар мешуморанд, чунки роҳи ҳалли ягонаи он вуҷуд надорад.
Гаджетҳо барои кӯдакон ё барои мо на танҳо бозичаҳои вақтгузаронии фоидабахш, инчунин воситае шудаанд, ки аз онҳо ҳолати ҷисмонии мо вобаста шудаанд.
Профессори соҳаи информатика Глория Марк дар як таҳқиқоти худ муайян намуд, ки барои пурра муттамарказ намудани диққати инсон ба ягон фаъолият ҳадди ақал 23 дақиқа лозим аст. Аммо мувофиқи оморҳо тахмин карда шудааст, ки одами муосир, тақрибан 70 маротиба дар як рӯз ахбороти рақамии телефони ҳамроҳашро аз назар мегузаронад (яъне дар ҳар як 15 дақиқа). Истифодабарандагони фаъол бошанд, ки 10 %-ро ташкил медиҳанд, зиёда аз 130 маротиба дар як рӯз ахборотҳои рақамии ба телефонҳояшон воридгаштаро аз назар мегузаронанд (яъне дар ҳар як 8,5 дақиқа). Аз ин бармеояд, ахборотҳои рақамии ба телефонҳоямон воридгардида, муттамарказонидани диққатро ба ягон фаъолияти додашуда мушкил гардонида, парешонии диққатро ба амал меорад.
Профессор Арик Сигман таҳқиқоте гузаронида, муайян намуд, ки дар солҳои 1980 муоширати «зинда» (рӯ ба рӯ) 6 соатро дар як рӯз ташкил дода, муоширати «экранӣ» (дар назди экранҳои телевизион) 4 соатро фарогир буд. Соли 1990 ин нишондод баробар шуд, яъне 5 соат муоширати «зинда» ва 5 соат муоширати «экранӣ» дар байни одамон ба вуҷуд меомад. Соли 2007 дар баробари ба истифода баромадан ва паҳн гардидани смартфонҳо муоширати «зинда» 2 соат ва муоширати «экранӣ» 8 соатро ташкил дод, ки бениҳоят нигаронкунанда мебошад.
Нишонаҳои вобастагии интернетӣ дар инсон инҳоянд:
1. Дар шахс новобаста аз он, ки дар кадом вазъият қарор дорад, хоҳиши сахти азназаргузаронии шабакаҳои интернетӣ ва хабарҳои интернетӣ пайдо мегардад.
2. Парешонҳолӣ ва сустшавии фаъолияти хотира ба назар мерасад.
3. Дар ҳолати кучактарин чизро нафаҳмидан аз одамон намепурсанду аз телефон ё интернет ҷустуҷӯйи дурудароз мекунанд, ки ин фақад баҳона аст.
4. Шахс тавассути мессенҷерҳо сӯҳбат карданро авлотар шуморида, чунин ақида дорад, ки муошират мессенҷерӣ нисбатан қулайтар ва форамтараст.
5. Дар шахс худидоракунии паст, вайроншавии фаъолияти эҷодӣ ва дилтангии ҳамешагӣ мушоҳида мегардад.
6. Агар шахс аз телефони мобилиаш ё компютераш муддате дур бимонад, дар ӯ ҳисси беқарорӣ ва ҳайратзадагӣ зоҳир мегардад.
Солҳои 2009-2015 дар ИМА байни хонандагони синни калони мактабӣ таҳқиқот гузаронида шуд. Таҳқиқоти гузаронидашуда вобастагии ҳайратоварро оид ба вақтгузаронии мактаббачагон дар таҷҳизоти электронӣ ва майли онҳо ба рафторҳои депрессивию суиситӣ муайян намуд.
Ба ҳамин монад як таҳқиқоти дигарро олимони исроилӣ гузарониданд. Онҳо одамонро ба ду гурӯҳи озмоишӣ ҷудо намуда, гурӯҳи якумро аз ҳисоби шахсоне, ки аз смартфон истифода мебаранд ва гурӯҳи дуюмро бошад шахсоне, ки умуман смартфон истифода намебаранд, ташкил намуданд. Маълум шуд, ки дар гурӯҳи якум бинобар сабаби истифодаи зиёди гаджетҳо нишонаҳои парешонии диққат дида мешавад ва дар гурӯҳи дуюм ин нишонаҳо пайдо нашуд. Баъдан ба гурӯҳи дуюм смартфонҳо тақдим карда шуд ва аз онҳо хоҳиш карда шуд, ки тули 3 моҳ аз инҳо истифода баранд ва баъди сипарӣ гардидани 3 моҳ гурӯҳи дуюмро озмоиш гузаронида натиҷаи бисёр ташвишоварро ба даст оварданд:
– сатҳи итоаткорӣ ва фармонбардорӣ зиёд гашт;
– нобоварӣ нисбати дигарон афзуд;
– агрессия ба таври равшан зоҳир мешуд.
Онҳо ба хулосае омаданд, ки ҳатто истифодаи ба назар оддии телефон ҳам метавонад моро тағйир диҳад.
Гурӯҳи муҳаққиқоне бо роҳбарии Эдриан Уорд муайян намуданд, ки ҳар қадаре смартфонҳо ба мо наздик бошанд, ҳамин қадар қобилияти эҷодии моро заиф мегардонанд. Бо ин мақсад онҳо дар 3 гурӯҳи озмоишӣ тести муайяннамоии тафаккури эҷодӣ гузарониданд. Фарқи байни гурӯҳҳои озмоишӣ дар он буд, ки смартфонҳояшон дар кадом масофа ҷойгиранд. Смартфонҳои гурӯҳи якум аз дари озмоишгоҳ берун гузошта шуд, аз гурӯҳи дуюмро дар ҷувздонҳояшон ҷойгир карданд ва барои гурӯҳи сеюм иҷозат буд, ки дар болои миз гузоранд ва бемамоният истифода баранд.
Ошкор карда шуд, ки чӣ қадаре смартфон ба ҷисмӣ мо наздик бошад, ҳамин қадар хотираи оперативӣ паст шуда, тафаккури таҳрикӣ аз иҷрои вазифаҳои додашуда баромада наметавонад ва сабаби ин боз ҳамон сарфаи энергия аз тарафи мағзи сар мебошад. Вақте мо медонем, ки дар наздамон «қуттичае» истодааст ва аз он метавонем ба ҳама саволҳоямон ҷавоб пайдо намоем, мағзи сар ҳеҷ гоҳ беҳуда заҳмат намекашад ва энергияро сарфа мекунад.
Дар охир мехоҳем қайд намоем, ки аз 15% то 35%-и аҳолии ҷаҳон, аллакай мубталои вобастагии потологии ахбороти рақамӣ шудаанд.
Тағйироти биохимиявии мағзи сари шахсони нашъаманд ба шахсоне, ки вобастагии гаджетӣ ё интернетӣ доранд, монанд аст.
Аз ин бемории аср худро эмин нигоҳ доред ва истифодаи маводҳои интернетиро ба низом дароред!
Разоқов Хуршед Соҳибназарович, н.и.п., муаллими калони
кафедраи умумидонишгоҳии психологияи факултети
психологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии ДДОТ