Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) маротибаи панҷум дар Ҷоми Осиё ширкат меварзад

Рӯзи 1-март дар кишвари Ӯзбекистон 41-умин мусобиқаи Ҷоми Осиё байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад, ки дар ин мусобиқа тими миллии Тоҷикистон низ иштирок мекунад.

Бояд қайд намоем, ки барои тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ин панҷумин иштирок дар қаҳрамонии Осиё ба ҳисоб меравад. Қаблан дастаи ҷавонони то 20-солаи кишвар, дар солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 дар ин марҳилаи мусобиқа ширкат карда буд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон роҳ ёфтан ба даври 1/4 ниҳоӣ дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) мебошад.

Дар Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун, Уммон ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад.

Бозии якумашро тими ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 2-март бо тими Урдун доир мекунад. Вохӯрӣ соати 17:00 дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд баргузор мегардад.

Сипас, рӯзи 5-уми март бозингарони мо бо ҳамсолони худ аз Уммон вомехӯранд ва дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 8-уми март бо яке аз фаворитҳои мусобиқа – Кореяи Ҷанубӣ қувваозмоӣ мекунад.

Дар сурати аз гурӯҳ баромадан дар даври 1/4 ниҳоӣ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Чин ё Қирғизистон дидор анҷом медиҳад.

Бояд қайд намоем, ки чор тими беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон ба Ҷоми ҷаҳон-2023 роҳ меёбад, ки баргузориаш дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст.