Рӯзҳои 3-юм 5-уми март дар пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2023», баргузор мешавад. Дар назар аст, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13-варзишгар (11-мард ва 2-зан) намояндагӣ мекунанд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2023» 364-варзишгар (191-мард ва 173-зан) аз 48-кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.
Кишвари моро дар сабқатҳо миёни мардон 11-варзишгар – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни -66кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни -81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни -90кг), Темур Раҳимов ва Иброҳимҷон Элмуродов (ҳарду дар вазни +100кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқатҳо миёни бонувон бошад, ду нафар аз Тоҷикистон – Шукрона Қарчиева (-48кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57кг) – ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Барномаи баргузоршавии мусобиқа:
Рӯзи 3-юми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни занон; -60кг, -66кг миёни мардон.
Рӯзи 4-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63кг, -70кг миёни занон; -73кг, -81кг миёни мардон.
Рӯзи 5-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни занон; -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон.
Дар мусобиқа дар баробари медал варзишгарон соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Инчунин ба ҷоизадорони мусобиқа, дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000-доллар, барои ҷойи дуюм 3000-доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ тақдим карда мешавад.
Бояд қайд намоем, ки «Tashkent Grand Slam 2023» чорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.
Дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ – «Grand Prix Portugal 2023», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни мардон 7-варзишгар намояндагӣ кард.
Аз миёни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дода, дар вазни -90кг мақоми ҳафтумро касб намуд. Вале дар ду мусобиқаи дигари байналмилалии мавсими ҷорӣ – «Paris Grand Slam 2023» (4-5-уми феврал) ва «Tel Aviv Grand Slam 2023» (16-18-уми феврал) ягон варзишгар аз Тоҷикистон иштирок надошт.