Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ Конфронси миллӣ таҳти унвони “Татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025: ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ” баргузор гардид.
Дар кори Конфронс намояндагони сатҳи роҳбарикунандаи зиёда аз 50 вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита ба татбиқнамоии Стратегия машғуланд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти Кумитаҳои дахлдори СММ, сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии муовини вазири корщои хориҷии ҶТ Музаффар Ҳусейнзода оғоз гардида, гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани огоҳӣ аз таҳдидҳои ифротгароии хушунатомез ва дар ин замина таҳким бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ байни ниҳодҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилаливу ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел зимни суханронии худ иброз дошт, ки терроизму экстремизм барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз мушкилоти нигаронкунанда ҳисобида мешавад. Ба таъкиди Ленни Монтиел намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм нақши калидӣ дорад ва дар ин ҷода бо СММ ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст.
Дар конфронси миллӣ инчунин Сардори раёсати созмонҳои байналмиллалии ВКХ ҶТ Ҳотам Қурбонов дар мавзӯи “Ташаббусҳои байналмиллалии ҶТ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм” маърӯза карда гуфт, ки Тоҷикистон дар ин самт як қатор ташаббусҳоро ба роҳ мондааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст. Ба гуфтаи Ҳотам Қурбонов мамлакати мо дар самти муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмўи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гардонидааст, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад.
Ҳамчунин дар конфронс дар мавзӯи “стратегияҳои ҶТ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм: ҳадафҳо, натиҷа ва қадамҳои минбаъда” Муҳаммадризо Халифазода намояндаи Прокуротураи генералии ҶТ баромад намуда роҷеъ ба стратегияҳои ҶТ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм ба ҳозирин маълумоти заруриро пешниҳод намуд.
Дар идома гуфта шуд, ки Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шўрои Амният ва Маҷмааи Умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд. Ширкатдорони чорабинӣ тақвияти ҳамкориҳои густурда бо шарикони байналмилалиро яке аз омилҳои муҳими татбиқи ҳадафҳои Стратегияи ҶТ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 донистанд. Роҳбарони баландпояи СММ, сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар чорабинӣ ширкат варзиданд, дар оянда низ дастгирии амиқи хешро дар самти пешгирии ифротгароии хушунатомез қайд намуданд.