Нашрияҳои ин ҳатфаи чопи Душанбе ба муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла 30-солагии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон ва санҷиши тобоварии биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе ба заминларза таваҷҷуҳ карда, дар ин замина хабару мақолаҳои таҳлилӣ нашр кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумуҳрият” дар шумораи рӯзи 22 феврал мақолае бо номи “Артиш қудрати воқеии давлат ва ифтихори миллат” чоп карда, навиштааст, ки таъсис ва ба неруи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлоли кори осон набуд. Ба навиштаи рӯзнома, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Марҳилаи аввал давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки муваффақона анҷом ёфт.
Дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки ҳоло ҳам давом дорад. Даври асосӣ – ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад, ки айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ – Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард ва Қӯшунҳои зудамал фаъолият доранд.
Нашрияи “Ҷумуҳрият” дар шумораи рӯзи 21 феврал мақолаи Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистонро нашр кардааст. Собирӣ дар мақолаи худ таъкид кардааст, ки дар сиёсати хориҷии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор аст. Аз ҷумла тайи як соли ахир ҳудуди 40 ҳайати олирутба дар ҳавзаҳои мухталифи равобити байни ду кишвар табодул шудааст.
Дар баробари ин ба гуфтаи сафири Эрон, дар муддати 31 сол, ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар фарҷоми мақолаи худ таъкид кардааст, ки давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 22 феврал ба муносибати 30-солагии таъсиси артиши миллӣ матлабе бо номи “Роҳи пуршебу фарози Артиши миллӣ. Аз Қасри Арбоб то қуллаи шараф” чоп кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар зарфи 30 сол роҳи пуршебу фарозеро аз норасоии иншооту техникаи ҳарбӣ то камбуди кадрӣ, аз вазъи ногувори кишвар то нобоварии мардумро тай кардааст. Хушбахтона, ҳоло бо тай кардани чунин ноҳамворӣ мавқеи Артиши миллӣ яке аз баландтаринҳо дар минтақа буда, қудрати ҳалли мушкилиҳои дохиливу беруниро соҳиб аст.
Муаллиф таъкид мекунад, ки баробари рушди иқтисоди кишвар барои боз ҳам беҳтар кардани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд, чунки ғамхорӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ, пеш аз ҳама, ғамхорӣ ба давлату миллат аст ва Ҳукумати кишвар ин масъаларо хуб дарк мекунад.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 20 феврал ба нишасти матбуотии Холмурод Раҳмон иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваҷҷуҳ кардааст.
Ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» бобати фаъолият накардани корхонаи азими истеҳсоли орд дар ин ноҳия Холмурод Раҳмон гуфтааст, ки корхонаи мазкур дар мувозинати Агентии захираҳои давлатӣ буда, ҷиҳати ба кор андохтани он аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чандин маротиба мактуб ирсол карда шуд.
Ба гуфтаи номбурда, соли гузашта аз Қазоқистон сармоягузорон ба хотири барқарор кардани ин корхонаи истеҳсоли орд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ омада буданд, аммо ҷонибҳо ба тавофуқ нарасиданд.
Ба таъкиди Холмурод Раҳмон аз сабаби он ки корхонаи ордбарорӣ зертобеи мақомоти маҳаллӣ нест, онҳо наметавонанд барои ба кор даровардани он соҳибкоронро ҷалб кунанд. Ба навиштаи “Садои мардум” корхонаи азими истеҳсоли орд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз соли 2012 то инҷониб фаъолият надорад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”дар шумораи рӯзи 22 феврал дар матлабе навиштааст, ки баъди оқибатҳои фоҷеабори зилзила дар Туркия, масъулини зиддахл дар Тоҷикистон назорати сифати биноҳои бунёдшавандаро тақвият бахшиданд.
Нашрия ёдовар мешавад, ки ахиран дар ин замина комиссияи махсус таъсис дода шуда, биноҳои баландошёнаи шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷандро, ки дар солҳои 2018-2022 сохта шудаанд, аз санҷиш мегузаронад.
Муаллиф дар фарҷом навиштааст, ки агар комиссияи мазкур дар пайи санҷиши биноҳои навбунёд камбудиҳоро ошкор карда, онҳоро расонаӣ кунад, ин иқдом боиси эъҷоди рақобати солим миёни ширкатҳои хонасоз хоҳад шуд. Аз сӯи дигар эътимоди мардум ба биноҳои баландошёнаи навбунёд бештар мешавад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ бо журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки ахиран аз азми худ барои таъсиси Маркази оини зардуштӣ дар Душанбе хабар дод, мусоҳиба анҷом додааст.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар ин мусоҳиба дар оғоз мегӯяд, ки аз ин ба баъд номи вай Ориёнмеҳр Зардушт аст ва рӯзҳои наздик шиноснома бо ному насаби навашро дарёф хоҳад кард.
Ҳамзамон вай хабар додааст, ки оини зардуштиро пазируфтааст ва талош дорад дар Тоҷикистон Маркази оини Зардуштро таъсис дода, онро расман дар вазорати адлия сабти ном кунад. Ба гуфтаи ҳамакунун Ориёнмеҳр Зардушт тайи чанд рӯзи охир 150 нафар ба вай муроҷиат карда, гуфтаанд, ки аз вай пайравӣ хоҳанд кард.
Дар ин замина Абдуқодири Абдуқаҳҳор таъкид кардааст, ки Маркази оини Зардуштӣ ба монанди Маркази Исмоилияи Душанбе ҳам аз ибодатгоҳ ва ҳам маркази фарҳангӣ иборат хоҳад буд.
Нашрия русизабони “Азия-плюс” низ дар шумораи рӯзи 23 феврал масъалаи тобоварии биноҳои баландошёнаи навсохти Душанберо дар баробари заминҷунбӣ бо нашри матлабе матраҳ кардааст.
Пулод Аминзода раҳбари Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ин нашрия гуфтааст, ки дар шаҳри Душанбе лоиҳакашӣ ва бунёди ҳамаи биноҳои аз 5-ошёна болотар бо назардошти тобоварӣ ба заминҷунбии 9 – балла сохта шудаанд.
Пулод Аминзода дар идома таъкид кардааст, ки дар шаҳри Душанбе танҳо соли 1907 замони зилзилаи шадид дар минтақаи Қаротегин, заминҷунбӣ бо қудрати 8 балл рух додааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”