Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва таҳкими Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлоли навбунёд дар масири эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Тоҷикистони навин аз рӯзҳои аввали арзи вуҷуд кардани худ ҳамеша сиёсати мутавозини дохилию хориҷиро пайгирӣ намуда, ҷонибдору тарғибгари ҳалли осоиштаю сиёсии ҳама гуна муноқишаҳои дохилӣ ва минтақавию байналмилалӣ мебошад.

Артиши миллии Тоҷикистони ҷавон, ки бешубҳа, яке аз рукнҳои асосӣ ва сипари боэътимоди дастовардҳои истиқлоли давлатӣ мебошад, бо назардошти анъанаҳои шуҳратманди ниёгонамон ва бо истифода аз таҷрибаю дастовардҳои муосир таъсис ёфта, пайваста тақвият меёбад.

Дар натиҷаи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар Тоҷикистон оғоз ёфтани нооромиҳои дохилии сиёсӣ, ки дере нагузашта, ба муқовимати шадиди мусаллаҳона мубаддал гашт, солҳои 1991-1992 дар ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон низ як давраи бесарусомонию номуайянӣ ҳукмфармо буд.

Сарҳадбонони тобеи Кумитаи амнияти давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ин минтақаи сарҳад адои вазифа мекарданд, гӯё дар байни обу оташ қарор доштанд. Нобасомониҳои сарҳад, бахусус ҳангоми ба хоки Афғонистон убур кардани гурезагони тоҷик аён мегашт, зеро сарҳадбонон дар ин миён ба мушоҳидагарони бесалоҳият табдил ёфта буданд. Онҳо наметавонистанд садди роҳи гурезагон шаванд, чунки медонистанд, ки фирориён барои наҷоти ҷони худ тарки Ватан менамоянд.

Дар ин айёми пурдаҳшат бо баргузор гаштани Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат интихоб шудани фарзанди наҷотбахши миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин бесарусомониҳо тадриҷан хотима дода шуд.

18 декабри соли 1992, ҳамзамон бо қабули фармони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо қарори дигари Шӯрои Олӣ нахустин бригадаи таъйиноти махсуси сарҳадӣ дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис дода шуд.

28 декабри соли 1992 дар назди ҳамин Кумита сарраёсат оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ таъсис дода шуда, барои ташкил додани Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони мустақил замина гузошта шуд.

Дар мувофиқа бо роҳбарони давлатҳои навбунёд дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон неруҳои муштараки ҳомии сулҳ ворид гардиданд, неруҳои сарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар қаламрави давлати мо боқӣ монда буданд, ба тобеият ва таъминоти Қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Русия гузаронида шуд.

Моҳҳои аввали соли 1993 нахустин маркази таълимӣ барои омода кардани мутахассисони хурд аз ҳисоби сарбозон ташкил ёфт, ки дар он мактаби сержантҳо низ ба фаъолият шурӯъ намуд.

30 майи соли 1994 бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва бо ҳамин фармон 28 май расман Рӯзи сарҳадбонон эълон карда шуд.

Таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳадафҳои асоси он таҳким бахшидани ҳифзи марзҳои давлатӣ, пешгирӣ кардани амалиёти террористӣ, тақвият бахшидани мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон буд, дар роҳи пурзӯр намудани қудрати ҳарбии давлати ҷавони Тоҷикистон қадами устувор гардид.

Таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таҳкиму тақвияти техникии нахустин қисмҳои низомии сарҳадбонӣ ҳамзамон бо амалиёти шадиди ҷангӣ баҳри ҳифзи сарҳад ва ҳимояи сохти конститутсионии мамлакат амалӣ мегардид.

Соли 1995 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он 4 бригадаи сарҳадбонӣ, як комендатура ва ду гузаргоҳи сарҳадӣ дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд шомил буданд.

Соли 1997 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амният Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

28 январи соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дидан карда, дар маросими савгандёдкунии сарбозон иштирок намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наваскарон ва падару модарони онҳо ҳамсуҳбат шуда, бо шароити хизмату истироҳати афсарон ва аслиҳаю техникаи низомӣ шинос гардиданд[1].

Солҳои 2004 – 2005 дар таърихи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав фаро расид. Мутобиқи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, ки 16 октябри соли 2004 дар Душанбе ба имзо расид, моҳи ноябри ҳамон сол нахуст ҳифзи қитъаи 500-километраи сарҳади байни Тоҷикистону Чин дар минтақаи Мурғоб, сипас қитъаҳои Хоруғу Ванҷи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва соли 2005 муҳофизати ҳамаи қитъаҳои боқимондаи сарҳади байни давлати мо бо Афғонистон ба уҳдаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон вогузор шуд.

11 майи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии наваскарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми низомии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон иштирок намуданд.

Он рӯз 500 нафар наваскарон дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои садоқат ба Ватан савганд ёд намуданд[2].

Рӯзи 19 октябри соли 2005 калиди рамзии сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон дар фазои тантанавӣ расман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии гусели гурӯҳи сарҳадбонони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, ки дар толори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарҳадбонони Федератсияи Русия ва дар симои онҳо ба роҳбарияти ин давлати ба мо дӯст арзи сипосу миннатдорӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки хидмати онҳо барои ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон басо арзишманд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақил имрӯз тасмим гирифтааст, ки ҳифзи марзҳои давлатиро бар уҳдаи сарҳадбонони худ вогузор кунад, вале ин маънои онро надорад, ки сарҳадбонони рус марзи Тоҷикистонро пурра тарк мекунанд.

Дар маросими гусели сарҳадбонони Русия, ҳамчунин муовини аввали директори Хадамоти федеролии амният, роҳбари Раёсати сарҳадбонии Федератсияи Русия Владимир Проничев суханронӣ намуда, аз ҷумла барои саҳми арзанда дар таҳкими дӯстию ҳамкории мутақобилан судманди байни давлатҳо ва мардумони Тоҷикистону Русия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд ва таъкид дошт, ки Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Русия минбаъд низ кумаку дастгирии худро ба сарҳадбонони тоҷик дареғ намедорад, чунки ба сифати хуби кори онҳо Русия ва ҳамаи кишварҳои дигари минтақа манфиатдоранд.

Аз номи Раёсати Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои заҳматҳои пайвастаи таҳкимбахши ҳамкории дуҷониба, саҳмгирии амиқ дар таъмини амнияти сарҳадоти ҷанубии ИДМ бо рамзи ифтихории «Муҳофизи Ватан» мушарраф гардиданд.

Дар хотима калиди рамзии сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров супурда шуд.

Ҳамчунин як зумра роҳбарони соҳа, собиқадорон, афсарони шуҷои марзбони тоҷик бо ордену медалҳои Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Русия сарфароз гардиданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки аз замони ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон то ин рӯзи таърихӣ бо сабаби муноқишаҳои дохилӣ, вуҷуд надоштани заминаи моддию техникӣ ва ҳам шумораи кофии кадрҳои миллӣ ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон тибқи санадҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамкорӣ ба уҳдаи сарҳадбонони Федератсияи Русия вогузор шуда буд. Тайи ин солҳо дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои дӯст ҳам заминаи кофии моддию техникӣ ва ҳам шумораи зарурии кадрҳои соҳа омода гардид ва имкон фароҳам омад, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳифзи ҳамаи қитъаҳои марзи давлатӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро пурра ба зиммаи худ бигиранд[3].

2 ноябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳи отряди сарҳадии гарнизони ҳарбии Хоруғ, ки чанде пеш сарҳадбонони Русия ба марзбонони тоҷик супурда буданд, дидан карда, бо шароити будубоши ҳайати шахсии қисми низомӣ, аҳволи маишӣ ва заминаи моддию таълимии он аз наздик шинос шуданд.

Моҳи январи соли 2006 дар заминаи Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳади давлатӣ таъсис дода шуд[4].

30 ноябри соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳади давлатӣ барҳам дода шуда, дар заминаи он Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис дода шуд, яъне ин навъи қӯшунҳо дубора ба тобеияти мақоми марказии амнияти давлатӣ баргардонда шуд. Дарвоқеъ, фаъолияти қӯшунҳои сарҳадӣ бо корҳои  иктишофӣ ва фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти амнияти миллӣ робитаи ногусастанӣ дошта, фаъолияти якҷояи онҳо самараи бештару беҳтар дорад.

Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки дар обу оташи муноқишаҳои дохилӣ ва муборизаи шадид бо сарҳадшиканону қочоқбарон обутоб ёфтаанд, имрӯз дар тамоми машқҳои низомии дохили мамлакат ва машғулияти махсуси сарҳадбонӣ фаъолона ширкат варзида, ба неруи тавонои ҳифзи марзу буми мамлакат  табдил меёбанд.

26 майи соли 2014 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуданд.

Тавре таъкид гардид, ин маркази таълимӣ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, дар он аз рӯйи 18 ихтисос кадрҳо омӯзонда мешаванд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани дарсҳои назариявию амалӣ дар ин ҷо шароити лозимӣ муҳайё гардидааст, хусусан пас аз таъмиру навсозӣ, ки ба тозагӣ анҷом дода шуда буд[5].

Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар амалиёти гуногуни ҷангӣ дар сарҳади байни Афғонистону Тоҷикистон, дар муноқишаҳои дохилӣ баҳри ҳифзи сохти конститутсионии мамлакат ва дар амалиёти муштараки минтақавии зиддитеррористӣ фаъолона ширкат варзида, маҳорату матонат ва садоқату мардонагӣ нишон додаанд. Даҳҳо нафар афсарону сарбозони содиқи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ва дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ҷони худро қурбон кардаанд. 138 нафар хизматчиёни ҳарбии сарҳадбон барои хизматҳои шоён, аз ҷумла 37 нафар баъд аз марг бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гаштаанд.

Фаъолияти зиддитеррористии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо дигар ҷузъу томҳои низомии махсус, аз ҷумла воҳиди таъйиноти махсуси «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳамоҳангии зич ба роҳ монда шудааст. Ҷойи зикр аст, ки «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 апрели соли 1994 ба фаъолият оғоз намуд.

Маҳз бо дастгириҳои Сарвари давлати Тоҷикистон, имрӯз воҳидҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» аз ҷиҳати таъминоти ҷангию техникӣ дар байни сохторҳои қудратии мамлакат  яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб гардидааст.

7 августи соли 2014 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи воҳиди махсуси низомии «Алфа» ташриф оварда, бо шароити нави муҳайёгардида ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуданд. Бо дастгирии Пешвои миллат биною иншооти ин воҳиди махсуси низомӣ пурра навсозӣ шуда, бо техникаю таҷҳизот ва силоҳу муҳимоти ҷангии муосир таъмин гардид[6].

Ҳайати шахсии мақомоти амнияти миллӣ дар тарҳрезӣ ва гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ва амалиёти ҷангӣ бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунии Ризвон Содиров, Баҳром Содиров, Раҳмон Сангинов, Мансур Муаккалов, Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ), Абдулло Раҳимов (Мулло-Абдулло), пешгирӣ аз кӯшиши табаддулоти ҳарбии ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аввали моҳи сентябри соли 2015 ва бисёр амалиёти муҳими дигар корнамоӣ ва ҷасорати беандоза нишон додаанд.

Солҳои минбаъда кормандони мақомоти амнияти миллӣ теъдоди зиёди ҷосусону тахрибкорони хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ, аъзои созмонҳои экстремистию террористии «ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», ҷамъиятҳои «Таблиғ», «Ансоруллоҳ», «Салафия» ва ғайраро ошкор ва безарар намудаанд. Аз дастаҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳу муҳимоти ҷангӣ, садҳо адад адабиёти дорои моҳияти ифротгароӣ, бисёр маводи тарканда ва маводи мухаддир мусодира гардид.

17 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз навсозӣ бинои ситоди отряди сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити қисми низомӣ шинос шуданд.

Бинои ситоди отряди сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он утоқҳои муосиру барҳаво барои фаъолияти ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудааст. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Дар ҳудуди қисми низомӣ панҷ сехи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда, дар доираи корҳои навсозӣ ҳамаи коргоҳҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири корӣ таъмин гардидаанд. Дар коргоҳҳо симтӯр, симхор ва дигар маҳсулоте, ки барои ҳифзи марзҳо зарур аст, бо сифати баланд истеҳсол  мешавад.  Ҳамзамон дар ҳудуди отряди сохтмонӣ истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва дару тирезаҳои пластикиву чӯбӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин маҳсулот барои бунёди дидбонгоҳҳо, қисмҳои низомӣ ва отрядҳои сарҳадӣ истифода бурда мешавад.

Дастгоҳ ва таҷҳизоти корие, ки дар коргоҳҳо насб шудаанд, аз хориҷи мамлакат ворид шудаанд[7].

29 сентябри соли 2020 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пас аз навсозӣ дубора ифтитоҳ карданд.

Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки аз соли 1962 дар ин ҷо фаъолият дорад, бо дастури Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ пурра навсозӣ гардида, ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуд.

Шифохона барои табобату муолиҷаи ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ махсус гардонда шудааст ва имконияти васеи ташхисию табобатӣ дорад[8].

Манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат имрӯзҳо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаҳои мураккаберо ба миён мегузорад, ки ниҳоди марзбонон аз он истисно нест. Бояд тазаккур дод, ки донишу малакаи ҳарбӣ ва шуҷоату худшиносӣ аз омили муҳими нигаҳдории давлати соҳибистиқлол мебошад. Зеро марзбонон бо неруҳои қавӣ ва муташаккилу мусаллаҳи фаромиллӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Вазъи мураккаб дар марз бо Афғонистон бозиҳои навбатии геополитикии давлатҳои абарқудратро намоиш медиҳад. Барои манфиатҳои миллӣ ва  сиёсӣ кишварҳои бузург ҳама гуна василаҳоро истифода менамоянд.

Воқеан, ташкили Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ дар ҷодаи ҳифзу ҳимояи амнияти давлат ва марзҳои мамлакат  ба шумор меравад.

Дарвоқеъ зарбаи аввалини душманро маҳз марзбонони шуҷои Ватан ба худ мегиранду намехоҳанд ҳеҷ душмане ва ё бадхоҳи аҷнабие ба хоки Ватан қадами нопок гузорад. Марзбонони тоҷик дар ҳақиқат ҷоннисори Ватан мебошанд. Онҳо дар муҳофизати марз шабу рӯз бедору ҳушёр мебошанд ва кулоҳу либоси сабзи онҳо тимсол ва рамзи сарсабзӣ ва оромии давлатамон мебошад.

Ба таъкиди Сарвари давлат, маблағгузорӣ барои нигоҳдории Қӯшунҳои сарҳадӣ ба таври мунтазам зиёд карда мешавад. Давоми даҳ сол бо назардошти шароити хоси хизмат маблағгузории Қӯшунҳои сарҳадӣ 25 баробар афзудааст.

Қӯшунҳои сарҳадӣ ғамхории мудоми роҳбарияти мамлакатро эҳсос мекунанд. Тайи ду даҳсола 17 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 5 нуқтаи назорати сарҳадӣ, 7 иншооти Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ ва 3 иншооти Маркази омӯзишии кормандони назорати сарҳадӣ бевосита дар қисмҳои ҳарбӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Бояд иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ, бо техникаву дастгоҳҳои пуриқтидори низомӣ таъмин намудани ҷузъу томҳои он, дар заминаи навтарин асбобу абзори мушоҳидавию дидбонӣ роҳандозӣ гардонидани хизмату фаъолияти сарбозону афсарон Ҳукумати ҷумҳурӣ амалҳои зиёди судмандро ба иҷро расонид, ки дар натиҷа зимни он Барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст ва ҳадафи он таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо аслиҳа ва воситаҳои техникаи муосири ҳарбӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити хизмат мебошад.

Дар баробари ин Қӯшунҳои сарҳадӣ бо дастгоҳҳои радиолокатсионӣ ва воситаҳои компютерӣ таъмин мебошанд. Дар чанд соли охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат Қӯшунҳои сарҳадӣ куллан навсозӣ гардида, ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, ду отряди таъйиноти махсус, Донишкадаи олии сарҳадӣ, эскадрилияи алоҳидаи ҳавоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 34 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, 4 маркази таълимӣ, 3 беморхонаи ҳарбӣ ва 5 қисми ҳарбии таъминоти техникӣ бунёд карда шуданд.

23 феврали соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки “вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми имкониятҳо ба ин самт мебошад.

Мо боварии қатъӣ дорем, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонони далеру шуҷои мо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи боэътимоди марзҳои давлатамон бо сарбаландӣ мебароянд”.[9]

26 майи соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии пойтахт мардуми Тоҷикистонро бо солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ табрик гуфта, расми гузашти низомии ба ин муносибат оростаро назорат намуданд.

Расми гузашти ботантанаи низомии бахшида ба 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо гузориши сардори гарнизони ҳарбии Душанбе ба фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оид ба омодагии ҷузъу томҳо оғоз ёфт.

Дар расми гузашти низомӣ, ки бо амри сардори гарнизони ҳарбии Душанбе оғоз ёфт, беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони шуҷои Ватан иштирок намуда, маҳорати баланди касбӣ ва муҳаббату самимияти баландро ба Тоҷикистони азиз нишон доданд. Тавре аён гардид, имрӯз Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дорои ҷузъу томҳои мукаммали таълимдидаю озмуда ва бо техникаю таҷҳизот ва аслиҳаю лавозимоти махсуси ҳарбӣ таъминшуда мебошанд[10].

28 майи соли 2019  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварданд.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ суханронӣ намуда, ба онҳо ва кулли хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 25-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфтанд ва дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон расми гузашти низомӣ доир гардид[11].

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА

[1] Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалӣ Раҳмонов – поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1996 – 1999). Китоби 2. – Душанбе: «Деваштич», 2006. – С. 262

[2] Шарифзода А., Сироҷов З. Эмомалӣ Раҳмонов: Соли фарҳанги оламгир (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2005). – Душанбе: Деваштич, 2006. – С. 105

[3] Шарифзода А, Сироҷев З. Эмомалӣ Раҳмонов: Соли фарҳанги оламгир (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2005).  \– Душанбе: Деваштич, 2006. – С. 334–336

[4] Ҳамон ҷо, — С. 357

[5] Боздид аз маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/6806

[6] Шарифзода А., Қосимӣ З. Эмомалӣ Раҳмон ва соли Мавлоно Ҷомӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014). – Душанбе: Бухоро, 2015. – С. 200

[7] Боздид аз қисми низомӣ ва пойгоҳи таъминоти моддию техникии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ // Ҷумҳурият, 18 октябри соли 2019. – №196

[8] Ифтитоҳи Маркази таълимии “Пойтахт”–и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/24124

[9] Суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (22.07.2021) // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/26167

[10] Гузашти низомӣ ба ифтихори 20-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ // Ҷумҳурият,  \26 майи соли 2014. — №99

[11] Шарифзода А., Айниддин С. Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019). –Душанбе: Дониш, 2020. – С. 118-119