Дар Тоҷикистон заминларза бо бо чанд пасларза ба амал омад

Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки паси он 5 пасларзаи дигар ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар 66-ум километри ҷанубу ғарби Мурғоб воқеъ буд. Дар ин хусус аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, заминларза соати 05:37 дақиқаи субҳ дар умқи 20 километр бо қувваи 6,8 дараҷа ба амал омадааст.

Пасларзаи аввал соати 05:55 дақиқа 82 км дур аз Мурғоб дар умқи 60 км бо қувваи 5 дараҷа ба қайд гирифта шуд.

Такони дуюм бо қувваи 4,6 дараҷа соати 06:06 дақиқа 104 киллометр дур аз Мурғоб дар умқи 10 км рух дод.

Пасларзаи сеюм соати 06:35 дақиқа 65 киллометр дур аз Мурғоб дар умқи 18 км ба қайд гирифта шудааст. Қувваи он 4,9 дараҷа мебошад.

Паслазраи чорум соати 07:07 дақиқа 58 киллометр дур аз Мурғоб ба амал омада, қувваи он 4,8 дараҷаро ташкил дод.

Панҷум пасларза соати 07:18 дақиқа 54 киллометр дур аз Мурғоб дар умқи 60 км ба амал омада, қувваи он 4,7 дараҷа буд.