Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни духтарони то 17-сола ва 20-соларо, бонувони довар аз Тоҷикистон – довари ФИФА Нодира Мирзоева ва ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова, ки ба рӯйхати доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, ҳакамӣ мекунанд.
Доварони тоҷик бозиҳои даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни духтарони то 20-соларо дар гурӯҳи «D», ки аз 8-ум то 12-уми март дар пойтахти Урдун – шаҳри Аммон баргузор мешаванд, ҳакамӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои Лубнон, Урдун, Муғулистон ва Бутан бо ҳам рақобат менамоянд.
Баъдан Нодира Мирзоева ва Дилшода Раҳмонова ба Сингапур сафар карда, онҷо дар бозиҳои даври аввали интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни духтарони то 17-сола дар гурӯҳи «D», ки баргузориашон аз 26-ум то 30-юми апрел дар назар аст, ҳакамӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ тимҳои Бангладеш, Сингапур, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркманистон бо ҳам мубориза мебаранд.