Имрўз дар бинои «Тоҷикфилм» конференсияи илмию амалӣ бахшида ба рўзи байналмилалии забонҳои модарӣ таҳти унвони «Забони модарӣ сарчашмаи худшиносӣ ва маънавиёти миллӣ» доир гардид.
«Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан, модар ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд. Забон бешубҳа яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ дониста шуда, таҷасумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик мебошад» Бо ин ҷумлаҳо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимҷон Муҳаммадҷонзода суханронии худро оғоз намуда, аҳли нишастро ба тарғиби эҳтирому риояи тозагии забони модарӣ даъват сохт. Ба пиндори раиси кумитаи мазкур, имрўз ба 90 фисади забонҳои дунё хатари аз байн рафтан таҳдид мекунад ва яқин аст, ки дар ҳама давру замон забонҳои пурқудрату тавоно, забонҳои хурдро фурӯ хоҳанд бурд. Аз ин рў, бедорӣ ва ҳушёриро дар самти гиромидошти забон амри зарурӣ пиндошта, ҳифзи онро рисолати аслии шаҳрвандӣ хонданд. Инчунин доктори илмҳои филологӣ, Профессор Сайфиддин Назарзода дар мавриди «Забони модарӣ сарчашмаи рушди забони миллӣ» маърўза намуда, аз зарурати тағийр ёфтани алифбо дар давоми таърих ва муқоисаи истифодаи забон дар аввалҳои асри 20 ва давоми асри 21 шарҳи муффасал пешниҳод кард.
Мушкилоти алифбои киррилӣ дар забони тоҷикӣ, баъзе масъалаҳои муносибати забонҳо, ақалияти забонии Тоҷикистон дар Атласи забонҳои ЮНЕСКО ва ғайра аз ҷумлаи мавзуъҳое буданд, ки дар конфренсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин аз омехта шудани забонҳо ва дар натиҷа ба вуҷуд омадани забони сохтаи алоҳида сухан рафт, ки ин мавзуъ муҳокима ва баҳсро ба миён овард. Ба пиндори баъзе забоншиносон, забони урду аз омехта шудани забонҳои ҳиндию арабӣ тавлид шудааст, ки қисмате аз маърўзачиён ин далелро рад намуда, забони урдуро забони сохта муарифӣ карданд. Далели баҳсҳо он аст, ки бетаваҷҷӯҳӣ дар масъалаи омехтасозии забон бо забонҳои дигар метавонад ҳамингуна мушкилотро ба вуҷуд биёрад. Ба тавсияву пешниҳодҳое, ки аз мушкилоту ҳалли масоили марбут ба забони модарӣ дар конфренсия мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дошт, Кумита тасмим гирифт, ки баҳри амалишавии масъалаҳои ҳалталаб, назоратро ҷиддӣ ба роҳ монад, яъне талошҳо дар самти пешрафту рушди забони модарӣ назарасанд ва умед аст, ки мушкилоти ҷойдошта роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Фарзона Маҳмадиева
радиои “Тоҷикистон”