Бартарафсозии оқибатҳои тарма дар Хоруғ фаъолона ҷараён дорад

Боришоти зиёди рӯзҳои охир ба хоҷагии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хисороти зиёд ворид намуд. Мутаассифона, дар баробари хисороти молӣ талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 15 феврали соли 2023, тахминан соати 10.00 дар шаҳри Хоруғ, дар натиҷаи фаромадани тарма сенздаҳ нафар ҷони худро аз даст доданд, ки дар байни онҳо кӯдакони хурдсол ва занон низ ҳастанд. Ёздаҳ нафар аз фавтидагон зан, се нафар кӯдак ва ду нафар мард буда, нӯҳ тан сокини ноҳияи Мурғоб, ду сокини шаҳри Хоруғ, як сокини ноҳияи Роштқалъа ва як сокини ноҳияи Рӯшон мебошанд. Панҷ нафари фавтидагон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҳастанд. Нафароне, ки бар асари ин офати табиӣ осеби ҷисмонӣ бардоштанд, дар муассисаҳои табобатии шаҳри Хоруғ бистарӣ гардидаанд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Ванҷ низ фавти ду сокин бар асари фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Ҷустуҷӯи ду сокини ноҳияи Ишкошим, ки бе ному нишон мебошанд, идома дорад. Айни замон барои ҷустуҷӯйи ин шахсон кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, сохторҳои вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, нерӯҳҳои сарҳадӣ ва ихтиёриён сафарбар гардидаанд.

Бар асари хисороти табиӣ дар шаҳри Хоруғ 39 манзили истиқоматӣ, аз он ҷумла, 6-то пурра вайрон гардида, ҳаҷми хисороти 33 хонаи дигар аз ҷониби комиссияи махсус муайян карда мешавад.
Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расондани кӯмаки ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Назарзода Рустам дар ҳайати намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор таъсис ёфта, субҳи имрӯз ба самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар гардид.

Оилаҳое, ки манзилашон бар асари офати табиӣ зарар дидааст, бо ҷойҳои муваққатии зист ва хӯроку дигар таҷҳизоти лозимӣ таъмин гардиданд. Инчунин, бо супориши Роҳбарияти олии мамлакат ба ҳамаи зарардидагон кӯмаки якдафъаинаи зарурии молиявию моддӣ ва ғизоӣ расонда, пас аз муайян намудани ҳаҷми хисорот манзилҳои истиқоматии зарардидаи сокинон ва дигар инфрасохтор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра барқарор карда мешаванд.
Дар тамоми ҳудуди вилоят, сокиноне, ки хонаҳояшон дар мавзеъҳои хавфнок қарор доранд, ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд.

Айни замон, боришот идома дошта, дар ҳамаи самтҳо роҳи байналмилалӣ маҳкам буда, мусофирону ронандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони саховатпеша бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасаллияти амиқи Роҳбарияти олии кишвар ва таъзияи худро ба ҳамаи наздикону пайвандони шахсони фавтида расонда, аз Худованди Мутаъол ба онҳо сабри ҷамил хоста, барои марҳумон оромии абадиро хоҳон аст.

Зимнан, ба ҳамаи сокинони вилоят, мусофирон ва ронандагон муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки дар сурати зарурият бо телефонҳои зерин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании вилоят муроҷиат намоянд:
(8 35 22) 2-40-57, (8 35 22) 2 -22- 51, (8 35 22)2- 28- 34

Дар навбати худ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, таҳти ҳидоятҳои ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати мамлакат тамоми восита ва имкониятҳоро истифода бурда, саъю кӯшиш ба он дорад, ки ҳар чӣ тезтар оқибатҳои офати табииро бартараф созад.