МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БА ДУ НАМОЯНДАИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

21 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду намояндаи баландпояи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Анна Бйерде, мудири иҷроияи амалиётҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Антонелла Бассани, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Ордени «Дӯстӣ»-ро тақдим кард.

Ин мукофот барои саҳми онҳо дар таҳкими ҳамкориҳо ва рушди муносибатҳои шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ супорида шуд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалии молиявӣ дар солҳои охир соҳаҳои иқтисод, энергетика, инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди бахши хусусиро дар бар гирифтааст. Масъалаҳои иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва ҷалби сармоя низ аз самтҳои муҳими ин шарикӣ ба ҳисоб мераванд.

Анна Бйерде ва Антонелла Бассани зимни маросим барои сарфароз гардидан бо Ордени «Дӯстӣ» изҳори сипос карда, ин қадршиносиро нишонаи эътимод ва эътирофи саҳми онҳо дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.

Онҳо ҳамчунин омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва таҳкими шарикии дарозмуддат бо Тоҷикистон баён карданд.

Дар ҳамин замина, Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои ҳамкории худ қарор дода, масъалаҳои рушди фарогир, дастрасӣ ба имкониятҳои иқтисодӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагиро дар барномаҳои худ матраҳ мекунад.