Ба иттилои Вазорати адлия, соли гузашта дар кишвар 70 ҳазору 802 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле, ки соли пеш 74 ҳазору 863 адад буд. Аммо шумораи талоқҳо, баръакс, афзоиш ёфтааст.
Дар нишасти хабарии Вазорати адлия ҳамчунин зикр шуд, ки шумораи талоқҳо дар соли 2022 41 ҳазору 991 талоқ ва 38 ҳазору 326 талоқ дар соли 2021- ро ташкил медиҳад. Ин иттилоъ дар нишасти хабарии Вазорати адлияи кишвар ба хабарнигорон ироа гардид.
Музаффар Ашуриён, вазири адлия гуфт, ки дар соли сипаригардида ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ба 9 170 шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод намуданд, ки аз ин теъдод 327 нафарро шахсони маъюб ташкил медиҳанд. Ҳамчунин тариқи телефонӣ низ ба вазорат шахсони ҳуқуқиву воқеӣ муроҷиат намудаанд. Инчунин таъкид шуд, ки ба вазорат соли гузашта 6019 муроҷиати шахсони воқеӣ ворид гардида ба ҳамаи онҳо посух дода шудааст.
Бино ба маълумоти ҳисоботӣ Вазорати адлия ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 4 лоиҳаи қонун, 2 лоиҳаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намудааст.
Ба таъкиди масъулин Вазорати адлия соли 2022 149 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намудааст.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”