“18 лоиҳаи синамоӣ пешниҳод шуд”. Баргузории дуюмин пичинг

14-уми феврали соли 2023 дар толори мактаби синамонигорони ҷавони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маротибаи дуюм Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ бо иштироки киношиносон, коргардонҳо ва филмноманависон баргузор гардид.

Дар ин бора Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар дода, илова мекунад, ки ба Питчинг 18 лоиҳаи синамоӣ пешниҳод шуда, 7 филмнома барои рӯнамоӣ интихоб ва аз ҷониби муаллифон,  коргардонҳо ва продюсерон муаррифӣ гардиданд.

Пас аз муаррифӣ ва рӯнамоии ҳар як лоиҳа миёни муаллифон ва иштирокчиён музокироти судманд тариқи суолу ҷавоб доир гардидааст.

Ба иттилои манбаъ,  питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардида, 7  филмнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷааш пас аз 10 рӯзи тақвимӣ тавассути шабакҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” расонаӣ мегардад.

Хотирнишон бояд карда, ки 27-уми декабри соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустин маротиба дар таърихи синамои миллӣ Питчинг лоиҳаҳои синамоӣ  баргузор гардида буд. Гуфта мешавад, ин иқдом минбаъд идома хоҳад ёфт.