Ба иттилои Кумитаи андози назди дар соли 2022 зиёда аз 17 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахддор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 206, 6 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмури татбиқ гардидааст.
Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарии ин Кумита андоз Нусратулло Давлатзода, раиси ин Кумита иттилоъ дода, афзуд, ки аз ин ҳисоб ҷаримаҳои солҳои қаблӣ татбиқ шуда, ба буҷети ҷумҳурияви зиёда аз 251,0 млн сомонӣ маблағҳо ворид шуд, ки нисбат ба соли 2021 25,0 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасониҳо ба раванди густариши андозсупорандагон ба тартиби пешниҳоди электронии эломияҳо тақвият бахшида шуда, дар соли 2022 шумораи андозсупорандагон,ки эъломияҳои худро ба таври электронӣ пешниҳод менамоянд, 6,5 ҳазор адад зиёд карда шуда, дар айни замон 155 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломияҳои худро ба мақомоти андоз тариқи электронӣ пешниҳод намуда истодаанд. Ҳамзамон барои ба ин тартиб гузаронидаии андозсупорандагони боқимонда чораҳои иловагӣ андешида шуда истодааст.
Сурайёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”