ВКД: Боздошти марди 32-сола барои муомилоти ғайриқонунии шираи камол

Вазорати корҳои дохилӣ дар сомонаи расмиаш хабар медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор бо гумони муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир карда шуд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш як миқдор моддаҳои сафеду зардчатоб, ки ба шираи камол монанд мебошанд, дарёфт ва гирифта шудааст. Мувофиқи маълумотномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маводи гирифташуда шираи камол буда, вазни холисашон 2 килограмму 140-граммро ташкил медиҳад. Инчунин, номбурда дар мавзеи деҳаи Лаҳадблоқи ноҳияи Шаҳринав бо ҳамроҳии 7-нафар кормандонаш зиёда аз 8000-бех растании “камоли бадбӯй”-ро несту нобуд кардаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *