Чанд мансабдор дар натиҷаи санҷишҳои молиявӣ барканор шуданд?

19 нафар дар соли 2022 дар натиҷаи гузаронидани санҷишу таҳлиҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон аз вазифа барканор шудаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Палатаи ҳисоби Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои масъулини Палатаи ҳисоб ин нафарон бинобар сабаби изофанависӣ, насупоридани андоз ва дигар қонуншиканиҳои молиявӣ аз вазифа сабукдӯш шудаанд. Аз рӯйи камбудиҳои муайяннамудаи Палатаи ҳисоб ҳаҷми маблағҳо 21,2 млн сомониро ташкил додааст, ки аз ин ҳисоб 21,1 млн сомонӣ барқарор шудааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба наздикӣ Қонуни наве ҷиҳати қоидавайронкунии молиявӣ таҳия мешавад, ки аз дигар қонунҳо ба кулли фарқ дорад ва баъзе сабукиҳоро низ дар худ дорад. Гуфта шуд, ки ин қонун ба он хотир таҳия мешавад, ки на ҳама қоидавайронкуниҳои молиявӣ зарар ҳисоб мешавад. Инчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бинобар сабаби гузаронидани мораторий 29 объект бароварда шудааст.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”