Дар шаҳри Женева, қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар вохурии корӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳнӣ низоми кишвар дар ин самт ва дастовардҳо муаррифӣ карда шуданд.
Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар дода, илова мекунад, ки ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид роҳбари намуд.
Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор ба Тоҷикистон кумаки техникӣ ва мусоидат сурат гирад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати расмии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои қайдгардида баён намуд, инчунин таклифе, ки дар боло аз ҷониби ҳайати кишвар пешниҳод гардид аз тарафи созмон дастгирӣ ёфт.