Аввалин бор ҷарроҳии бартарафсозии дефориатсияи модарзодии даҳанмонанди қафаси сина гузаронида шуд

Олимони ҷарроҳии атфоли Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди донишкадавӣ дар ҷумҳурӣ аввалин маротиба амалиёти тарзи бартарафсозии дефориатсияи модарзодии даҳанмонанди қафаси сина бо усулҳои нави ҷарроҳиро анҷом доданд.

Дар ин бора Зарина Ибодзода, ректори Донишгоҳи тиббӣ-иҷтимоӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, афзуд, ки таҷҳизот барои гузаронидани ташхис ва табобати нуқсони модарзодии аноректалӣ, ҳамзамон “Тарзи нави ҷарроҳии эписпадияи модарзодӣ дар кӯдакон” ва “Усули нави сфинктеропластика дар кӯдакон дар ҳолати сустшавии сурохии мақъад”, дар якҷоягӣ бо олимони МДТ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ихтироъ намуда, онҳоро мавриди истифода қарор доданд.

Инчунин зикр гардид, ки ин гуна табобат дар масъалаи бартарафсозии маъюбии кудакон саҳми арзандаи хкдро гузошта истодааст. Дар ин хусус ҳаикорамон О. Шарипова аз ҷарайёни гтшамти матбкотии Донишкажаи тибби иҷтимоӣ итттлоъ дод.