Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии охирини санҷиширо доир намуд.
Рӯзи 14-феврал мунтахаби ҷавонони кишвар бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом доданд. Вохӯрӣ дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Астерия Кремлин Палас» доир гардида, бидуни гол бо натиҷаи 0:0 ба поён расид.
Барои шогирдони Олег Кубарев 6-умин рақобати дӯстона дар доираи тамриноти Анталия буд. Қаблан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз гардид ва аз тимҳои «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Полша (1:2) ноком шуд.
Бояд қайд намоем, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои миллии Урдун (2-март), Уммон (5-март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-март) нерӯ месанҷад.