Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти хабар иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ 72 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 40,0 млрд. сомонӣ амалӣ гардида истода, азхудкунии маблағҳо 5,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Ба таъкиди ӯ соли сипаригардида ҷиҳати амалисозии 21 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо шарикони рушд созишномаҳои нав ба ба маблағи умумии 717,2 млн. доллар ба имзо расонида шудааст.
Соли 2022 як қатор форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор шуда, дар доираи онҳо бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо доираҳои сармоягузории давлатҳои Арабии Миср, Белгия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Ӯзбекистон, Корея, Россия, Белорусия, Амрико, Арабистони Саудӣ ва форумҳои минтақавӣ дар вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон баргузор карда шуда, дар доираи онҳо беш аз 100 ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расонида шуд,-таъкид дошт Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода. Бино ба иттиллои мавсуф бо мақсади рушди соҳаҳои истеҳсолӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар соли 2022 3 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 240 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расида, ба бунёди корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ва ташкили 1200 ҷойҳои нави корӣ равона гардидаанд.
Ҳамзамон, Саъдӣ Қодирзода таъкид намуд, ки соли гузашта 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ карда, ҳудуди 1000 корхона барҳам хӯрдааст. Теъдоди соҳибкороне, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд, нисбат ба 1-уми январи соли 2021-ум қариб 800 ва корхонаҳои барҳамхӯрда 100 адад зиёд мебошад.
Ба таъкиди раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода, ҳамасола вобаста ба баланд бардоштани маърифтаи соҳибкорон якчанд чорабинӣ гузаронида мешавад. Ба иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 340,1 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1300 нафар зиёд мебошад.
Баҳруллои М
радиои “Тоҷикистон”