Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 110 мамлакати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ ба роҳ монда, соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ 7 млрду 309 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ба хориҷи мамлакат ба маблағи 2 миллиарду 142 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод.
Сохтори содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар дар соли гузашта асосан аз ҳисоби фурўши сангу фулузоти қиматбаҳо, маъдану консентратҳо, алюменияи аввалия, нахи пахта, қувваи барқ, семент, риштаи пахтагӣ, сурма ташаккул ёфтааст.
Маҳсулоти кишоварзӣ бошад, ба маблағи 54 миллиону 299 ҳазор доллар асосан меваҷоту сабзавот, меваи хушк ва дигар намуди маҳсулот содирот шудааст.
Соли 2022 66,7 ҳазор тонна пиёз ба маблағи 6769,1 ҳазор доллар содирот гардида, нисбат ба соли гузашта 29,2 ҳазор тонна кам мебошад. Дар айни замон содироти пиёз муваққатан манъ карда шудааст.
Бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ Агентии содирот дар оянда нақша дорад, ки дар Ҷумҳурии Туркия, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис диҳад, то ки кафолати фурўши маҳсулот ба даст ояд.
Гуфта шуд, ки душвории асосӣ дар самти содироти маҳсулот ин асосан масъалаи бандубасти он мебошад ва барои бартарафсозии он бо Институтҳои молиявӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, сохтмони корхонаи истеҳсоли бандубаст дар назар аст. Инчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон ба Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо аз соли 2020-ум шомил гардида, таи ду соли сипаригардида 61 корхонаи ватанӣ тибқи ин низом маҳсулот содирот мекунанд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”