Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи «СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сухан бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарм Садир Жапаров барои пазироии самимӣ ва танзими хуби кори ҳамоиш изҳори сипос намуда, қолаби СҲШ+ро “заминаи хуби рушди ҳамкории бисёрҷониба ва нишонаи эътибори афзояндаи Созмони ҳамкории Шанхай” номиданд.

Дар идома гуфта шуд, ки “имрӯз ҷаҳон бо мухолифатҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои афзояндаи терроризм, экстремизм ва радикализм, инчунин мушкилоти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ рӯбарӯ аст”.

Бо изҳори нигаронӣ аз авзои ҷаҳони имрӯза Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ҳамчунин, таъкид доштанд, ки “таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар ба назар мерасад ва моро водор мекунад, ки нерӯҳои худро муттаҳид кунем ва стратегияи вокуниши муштарак таҳия намоем”.

Зимни суханронӣ Сарвари давлати мо аз пешниҳоди нави Тоҷикистон дар бораи «Барномаи чаҳорчӯбаи Душанбе оид ба об» барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 ёдовар шуданд, ки дар баробари чаҳорчӯбҳои муҳиме чун «Раванди оби Душанбе» ва «Раванди Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо» ҷавобгӯи ормонҳои аҳли башар дар ин масир хоҳад буд.

Зикр гардид, ки «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ҳам, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии СММ пешбарӣ шудааст, ҳамчун як чаҳорчӯби байналмилалии матлуб рушд мекунад.

Изҳори итминон карда шуд, ки ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар қатъномаи ба наздикӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон қабулшудаи СММ доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» саҳми назаррас дар таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар ҷаҳон хоҳад буд.

Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли 2027 Тоҷикистон нақша дорад дар доираи ин даҳсола якҷоя бо СММ аввалин Конфронси байналмилалӣ баргузор намояд ва аз шарикони байналмилалӣ даъват карданд, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок варзанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки “Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба пешбурди муколамаи байнифарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ таъкид мекунад, ки муколамаи байни тамаддунҳо ва тақвияти сулҳ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ воситаҳои муҳими муқовимат ба тафриқа, экстремизм ва радикализм мебошанд”.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки СММ ва СҲШ бар асоси арзишҳо ва принсипҳои муштараки ҳамкории созанда метавонанд дар ташаккули тартиботи ҷаҳонии одилона, фарогир ва устувор нақши боз ҳам муҳимтар дошта бошанд.

Гуфта шуд, ки “Тоҷикистон омода аст дар пешрафти ин раванди созанда якҷоя бо ҳамаи давлатҳо дар доираи «СҲШ+», СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ саҳмгузор бошад”.