Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар умум гардиши савдои хориҷии ҶТ зиёда аз 7 миллиард доллар мебошад, ки аз ин миқдор 2 миллиарду 411 милиионро содирот ва боқимондаро воридот ташкил медиҳад.
Дар идомаи нишасти хабарии Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, ки мувофиқи омор, аз 01 январи соли 2023 дар ҶТ 10 миллиону 70 ҳазор аҳоли зиндагӣ мекунанд ва дар умум 80 намуди халқиятҳо, асосан ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо, қазоқҳо ва дигар навъи халқиятро фаро мегиранд. Айни ҳол барои муайян кардани ақалиятҳои миллӣ дар кишвар нашр намудани 11 ҷилд китоб дар назар аст, ки аз ин шумора аллакай, 2 китоб рӯйи чоп омадааст.
Ҳамчунин Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омор зикр намуд, ки айни ҳол дар кишвар зиёда аз 5 миллион қувваи корӣ ҳаст, ки аз ин шумора 2,5 миллионро қувваҳои кории фаъол ва 53 ҳазорро бекорон ташкил медиҳанд. Ба ақидаи Ҷамшед Нурмаҳмадзода муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумораи бекорон дохил намешаванд, чунки онҳо музди мехнати худро ба кишвари мо мефиристанд.
Дар нишасти хабарии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҳоли имрӯз ахолии аз 100 сола болои кишвар 72 нафарро мебошанд, ки аз ин шумора 34 нафар мардон ва 38 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”