Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намуданд.
Идомаи фаъоли муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, таъмини рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои амният ва мудофиа, тақвияти ҳамкории низомиию техникӣ, омӯзиши касбии кадрҳои низомӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир зарур шумурда шуд.
Дар авлавияти муносибатҳои дуҷониба қарор доштани густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ низ таъкид гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, ба хусус энергияи “сабз”, нақлиёту логистика, нассоҷӣ, маъданҳо, зеҳни сунъӣ, тандурустӣ, истеҳсоли доруворӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, табодули донишҷӯён, тақвияти робитаҳои мустақими муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Афзоиш додани шумораи парвозҳои мустақим миёни ду кишвар ва ташкили низоми мутақобилаи сафарҳои бераводид барои сайёҳон ба муддати то 15 рӯз ҳам муҳим дониста шуд.
Дар заминаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи СММ, СҲШ ва формати «Осиёи Марказӣ + Ҳиндустон» низ баррасӣ шуд.
