Дар соли 2022 ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 15,4 фоиз, кишоварзӣ 8 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 16 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 11,4 фоиз, гардиши савдо 11,2 фоиз, боркашонӣ 26,1 фоиз ва мусофиркашонӣ 11,1 фоиз таъмин гардид.
Дар ин бора зимни нишасти хабарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол хабар дода шуда, зикр гардид, ки сатҳи таваррум дар соли 2022-юм 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 (8 фоиз) 3,8 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 5,2 фоиз, молҳои ғайриозуқа 4 фоиз ва хизматрасонӣ 1,9 фоиз ташаккул ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар соли 2022 дар соҳаи саноат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ 487 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 4052 ҷойҳои корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 42992,6 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 15,4 фоизро ташкил дод.
Суръати рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 16,4 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсол маҳсулоти саноати коркард, 17,5 фоиз таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 2,2 фоиз афзоиши таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа таъмин гардид.
Истеҳсоли неруи барқ дар соли 2022 дар кишвар 21399,5 млн. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба соли 2021-ум 775,7 млн.кВт. соат ё 3,8 фоиз зиёд таъмин гардид.
Дар соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 49272,4 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 8 фоиз зиёд мебошад, аз ҷумла рушди растанипарварӣ 7,7 фоиз ва чорводорӣ 8,7 фоизро ташкил додааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмўъ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ (хоҷагиҳои ҷамоавӣ, деҳқонӣ ва аҳолӣ) дар майдони 858,4 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 114,3 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд.
Ба ҳолати 1 сентябри соли 2022 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар майдони 114,3 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 8,9 ҳазор гектар ё 8,5 фоиз зиёд мебошад. Инчунин дар соли 2022 дар майдони 19538,3 гектар кишти барвақтӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1064,8 гектар ё 5,4 фоиз зиёд мебошад.