Имрӯз, 14-уми феврал ҷамъомади тамринии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Туркия ба охир мерасад. Бозии охиринашро тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) имрӯз соати 17:00 ба вақти Душанбе бо футболбозони Ӯзбекистон баргузор мекунад.
Қаблан тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Анталия 5-бозии дӯстона доир кард, ки бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ намуда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуд ва аз бошгоҳҳои «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Лаҳистон (1:2) шикаст хӯрд.