Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир гардид, ки дар он фаъолияти нимсолаи он ҷамъбаст гардида, як қатор дастовардҳои илмии ин соҳа бозгӯи карда шуд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки соли гузашта 340 мақола аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар маҷаллаҳои илмии ҷаҳонӣ бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, ва русӣ чоп карда шудаанд. “Ин, албатта, дастоварди хуб аст, вале дастовардҳои соҳа дар истеҳсолот камтар аст, гарчанде ки ҳамасола аз 30 то 40 патент, яъне ихтирооти нави олимони тоҷик ҳам дар худи кишварамон ва ҳам дар сатҳи Авруосиё ва кишварҳои дигар, расман ба қайд гирифта мешаванд”, – илова намуд, Фарҳод Раҳимӣ.
Дар идомаи нишасти хабарии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “Пажӯҳишгоҳи омӯзиши гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон” таъсис дода мешавад. Фарҳод Раҳимӣ Президентӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон илова кард, ки Аллакай корҳо доир ба таъсиси ин пажӯҳишгоҳ шурӯъ шудааст ва қарор аст, ки он ҳамин сол сохта мавриди истифода қарор дода шавад. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор гиёҳҳо биологӣ аст, вале шуморам гиёҳҳое, ки хусусиятҳои шифобахшии онҳо маълум карда шудааст тақрибан 130 – 140 ададро ташкил медиҳанд.
Дар иншасти хабарии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба масъалаи геологӣ ва зилзиласанҷӣ ҳам таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба ин масъала иброз намуд, ки ҳамасола дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 20 ҳазор заминларза ба қайд гирифта мешавад, ки 30 то 35 тои он заминларзаҳои эҳсосшаванда мебошанд. Гуфта шуд, ки қисмати зиёди ин зилзилҳо дар шимоли Афғонистон, кӯҳҳои Ҳиндукуш ва Ҳимолой, ки кӯҳҳои ҷавон ҳастанд, ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамчунин дар нишасти хабарии Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар мамлакати Ҳиндустон 160 маркази омӯзиши фарҳанги форсии тоҷикӣ амал мекунад. Илова бар ин дар ду донишгоҳи Ҳиндустон омӯзиши забони тоҷикӣ тадрис дода шуда, қарор аст, ки ба Арабистони Саъудӣ ва Ҷумҳурии мардумии Чин низ барои омӯзиши дастхатҳои қадимаи тоҷикӣ, гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, корҳои лозима анҷом дода шуда шаванд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”