Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023», ки дар шаҳри Мински кишвари Белорусия баргузор гардида истодааст, бозии дуюмашро низ бо мусовӣ анҷом дод.
Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар гурӯҳи «В» бо дастаи наврасони Беларусия (U-16) рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Аз ҳайати мунтахаби наврасони кишвар голҳоро Хоҷӣ Абдуманон ва Диловар Ҷамшедзода ба самар расониданд.
Бозии аввалро низ мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Русия мусовӣ карда буданд.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии «Ҷоми рушд-2023» мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) рӯзи 9-феврал бо тими Эрон нерӯсанҷӣ мекунад. Вохӯрӣ дастаҳо соати 15:20 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.